Журналистика соҳаи махсуси эҷодкорӣ маҳсуб ёфта, дар он мавзуъҳои гуногуни рӯз мавриди инъикос қарор мегиранд. Яъне, рӯзноманигор дар доираи донишҳои публитсистӣ рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ, илмию адабӣ ва иқтисодию сиёсии ҷомеаро баррасӣ менамояд. Журналистикаи тоҷик, бахусус, публитсистика, ки бо ташаббуси бузургтарин донишмандони сухан С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Ализода, Мирзо Муҳиддин, Мирзо Сироҷ ва амсоли инҳо роҳандозӣ шудааст, имрӯзҳо дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷойгоҳи вижаи худро касб карда, ба майдони фарохи баррасии масоили доғи рӯзи ҷомеа мубаддал гаштааст.
Аброр Зоҳир дар баробари фаъолияти адабию фарҳангӣ ба ҳайси журналисти рӯз осори фаровоне рӯйи чоп оварда, дар ин соҳа саҳми муносиб низ гузоштааст. Соҳаи иттилоот дар навбати худ барои ташаккули фарҳанги миллии шахс ва ҷомеа таъсири амиқ мегузорад. Тавре ки профессор А. Нуралиев баён доштааст: «Иттилоот, аз ҷумла иттилооти журналистӣ, ки аз тариқи воситаҳои ахбори умум ба муштариён – хонанда, бинанда ва шунаванда пешниҳод мешаванд, аз ҷониби олимон баробари модда [ғизо] ва энергия [гармӣ] ҳамчун омили бағоят муҳимми ҳаёт, тараққиёти инсон ва ҷомеа дониста шудааст».
Эҷодиёти публитсистии Аброр Зоҳир бозгӯкунандаи вазъи даврон буда, муҳтавои хуби тарғибкунандагӣ дорад. Ба андешаи профессор А. Саъдуллоев «Рӯйдод ҳамчун далели дорои моҳияти оҷилият, дарозумр ва ангезандаи хотираи эмотсионалӣ дар мағз андар мағзи ҳама гуна таълифоти публитсистию бадеӣ ҷойгир аст». Бахусус, дар миёни навиштаҳои Аброр Зоҳир очерку мақола ва гузоришу лавҳаҳои «Шафоатбахш», «Дарди ӯ дарди кино буд», «Қосиди дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон», «Монеаҳоро Сайф шикаст», «Ҷоннисори Ватан», «Убайдуллои Раҷаб на рӯз хоб асту на шаб», «Ғами киноро кӣ мехӯрад?» ва ғайраҳо бо оҳанги публитсистӣ эҷод шуда, дар онҳо масъалаҳои илму маориф ва фарҳангу санъати тоҷик мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, муваффақияту камбудиҳои онҳо бо далелҳои қатъӣ равшану возеҳ инъикос ёфтаанд.
Мақолаи «Шафоатбахш»-и Аброр Зоҳир, ки дар ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст, ба яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, нависанда, драматург ва собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нур Табаров (Табаров Нурмуҳаммад) бахшида шудааст. Муваффақиятҳои ӯро дар солҳои вазири фарҳанг буданаш ба тарзи зайл қайд кардааст: «Дари театрҳо мӯрчахонаро мемонд. Ансамблҳои нав таъсис ёфтанд, репертуараи онҳо такмил дода шуд. Театр-студияи «Гаҳвора», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» нахустин бор дар даврони роҳбарии Нур Табаров ба фаъолияти худ оғоз карда буданд».
Аброр Зоҳир ҳамчун як хонандаи асарҳои адибони ҷаҳон дар мақолаи хеш ба унвони «Қосиди дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон» аз нависандагӣ ва тарҷумонии Шариф Шараф сухан меронад. Дар ин мақола дар бораи 40 асари тарҷуманамудаи Шариф Шараф ва бо ин роҳ муаррифӣ намудани адабиёти ҷаҳон дар Тоҷикистон сухан гуфта хизматҳои ӯро дар ин ҷо беназир хондааст.
Мавсуф тарҷумаи тоҷикии романи нависандаи амрикоӣ Майн Рид «Отсеола, пешвои семинолҳо»-ро, ки ба қалами Шариф Шараф тааллуқ дорад, мавриди баррасӣ қарор дода, ба он баҳои мусбат додааст. Аброр Зоҳир ба он бовар аст, ки «Хонандаи тоҷик заҳмати ин марди худогоҳ ва ватандӯстро солҳои сол то он рӯзе, ки ба адабиёт, ба ин ганҷинаи пурғановат арҷ мегузорад, дар ёд хоҳад дошт».
Мавсуф тарҷумаи тоҷикии романи нависандаи амрикоӣ Майн Рид «Отсеола, пешвои семинолҳо»-ро, ки ба қалами Шариф Шараф тааллуқ дорад, мавриди баррасӣ қарор дода, ба он баҳои мусбат додааст. Аброр Зоҳир ба он бовар аст, ки «Хонандаи тоҷик заҳмати ин марди худогоҳ ва ватандӯстро солҳои сол то он рӯзе, ки ба адабиёт, ба ин ганҷинаи пурғановат арҷ мегузорад, дар ёд хоҳад дошт».
Дар мақолаи «Ҷоннисори Ватан» оид ба фаъолияти нависандагии ҷангоманавис Раҳмон Сафаров маълумоти таърихӣ овардааст. Аброр Зоҳир ба ёд меорад, ки «Зимистони соли 1990 буду маро, ки инструктори кумитаи комсомолии вилояти Хатлон будам, барои кумак ҷиҳати таҳияи китоби «1001 корнома» ҳамроҳи Раҳмон Сафаров ба шаҳри Подолск фиристоданд. Корамон дар бойгонии мазкур аз субҳ то шом тул мекашид. Раҳмон Сафаров дар ин муддат садҳо корномаро варақ зада, тақдири ҳар як шаҳидро амиқ меомӯхт ва оҳ аз ҷигар мекашид, ки қисмат риштаи умри ин ҷавонмардони ҳанӯз шаҳди айёми шубоб начашидаро дар корзорҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гусастааст. Борҳо аз дасти варақаҳои зарду чангхӯрда гирифтори беморӣ шуда буд, моҳу солҳо дар бемористонҳо табобат гирифт, аммо пайроҳаи ҷангии ҷавонмардони шаҳидро фаромӯш накард». Аз ин маълумот бармеояд, ки Аброр Зоҳир аз сарчашмаҳои муътамади илмии солҳои ҶБВ бархурдор шудааст.
Профессор, олими соҳаи журналистика М. Муродӣ нақши публитсистро чунин муайян кардааст: «Публитсист – эҷодкорест, ки ба воқеаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ бештар дахолат намуда, бо нигоштаҳои худ дар маърифати иҷтимоӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои рӯз саҳмгузор аст».
Тақриз низ дар эҷодиёти Аброр Зоҳир ба мушоҳида мерасад. Чунончи, ӯ зимни таҳлилу баррасӣ ба маҷмуаи ашъори шоир Раҳмат Назрӣ, ки бо унвони «Пайраҳаи Раҳмат» ба нашр расидааст, андешаи илмӣ дорад. Мавзуъ ва моҳияти ғазалиёти ин шоирро аз суннати волои шеъри тоҷик номида, дорои «образҳои тоза, маъниҳои амиқ ва мантиқи баланди эҷодӣ» номидааст.
Барои ҳар як эҷодкори илмию бадеӣ донистани мавзуи сирқот хеле муҳим ва зарур мебошад. Аброр Зоҳир зимни мусоҳиба бо адабиётшиносон дар мавзуи «Сирқоти адабӣ» чунин таъкид намудааст: «Дар мавзуи мушкилоти сарҳад чор асари банда: «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Марги хари сиёҳ сури хари сафед», «Бен Лодан» ва «Дар ҷустуҷӯи инсон» рӯи чопро дид. Ба ҷойи дигаре мебудам, ба ин мавзуъ даст намезадам. Вақтҳои охир сирқот як ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Мо инро ҳангоми мутолиа тез-тез вомехӯрем». Инчунин, ӯ қайд менамояд, ки эҷодкор бояд ба мазмун ва мавзуи нав рӯй оварда, сабку услуби хоси бадеӣ дошта бошад. Ӯ аз нуктаи назари илмӣ-интиқодӣ ба адибони оянда чунин тавсия додааст: «Мо бояд хурдагириву нотавонбиниро як сӯ монда, пеш аз ҳама ба мавзуи тоза, асари беҳамто назари нек дошта бошем. Танҳо дар ин маврид адабиёт рушд мекунаду пеш меравад».
Аз навиштаҳои ин адиби соҳибқалам бармеояд, ки ӯ ба масоили доғи рӯз ва сарнавишти шахсиятҳои маъруф, ки дар муаррифии миллат, фарҳангу тамаддуни он саҳми арзанда доранд, бетафовут нест ва онҳоро шаҳсутунҳои устувор ва побарҷои тамаддун ва фарҳанги миллат меҳисобад. Дар робита ба ин масъала, олими шинохтаи соҳаи журналистика Иброҳим Усмонов кӣ будани публитсистро шарҳ дода менависад: «Ӯ шахсе мебошад, ки навиштаҳояш ба авзои иҷтимоии ҳаминрӯза дахл дорад».
Дар ниҳоят метавон гуфт, ки доираи мавзуи эҷодиёти Аброр Зоҳир гуногунпаҳлу буда, осори таълифнамудаи ӯ дар соҳаи журналистика низ шоистаи таҳқиқу баррасӣ мебошанд. Осори публитсистии адиб, ки дар замони хеш таълиф ёфтаанд ба ҳаёти фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсии ҷомеа алоқаманд мебошанд. Ӯ дар жанрҳои публитсистӣ ба ҷаҳонбинӣ ва ҳаёти иҷтимоии давру замон таваҷҷуҳ намуда, инъикоси дурусту саҳеҳи ин ё он масъаларо баён доштааст.
С. Турахонов,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»