Даври ҷамъбастии ҷоизасупорӣ ба ғолибони V-умин олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Латипов Баҳодур, донишҷӯи курси сеюми факултети физика аз рӯйи номинатсияи физика иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин омӯзгорони донишгоҳ ба Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

