-
Имрӯз дар литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ бо хонандагони литсей, омӯзгорон ва падару модарон оид ба рафти татбиқи усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Нориён Зарина, директори литсей, намояндаи маорифи шаҳри Бохтар, шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Иштирокчиён оид ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, аҳамияти зарурӣ ҷиҳати эҳтиромгузорӣ ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон, танзими ҷашну маросим, ӯҳдадориҳои ҷавонписарон дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ, риояи фарҳанги милли либоспӯшии занону духтарон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунати хонаводагӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбарӣ бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии экстремистиву террористӣ, фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсул ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.



