Экстремизм (аз калимаи лотинии extremus — «ифротӣ») метавонад ҳамчун пайравии шахсон ё гурӯҳҳои муайян ба андешаҳои ифротӣ ва радикалӣ фаҳмида шавад, ки бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ (бахусус соҳаи сиёсӣ) дахл доранд.
Намунаҳои экстремизм инҳоянд:
-
кӯшиши тағйир додани сохтори конститутсионии давлат бо зӯрӣ;
-
халалдор сохтани якпорчагии Точикистон;
-
сафедкунии оммавии амалҳои террористӣ;
-
барангехтани низоъҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ;
-
ва дигар амалҳое, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд.
Ин гуна фаъолиятҳо асоси идеологии возеҳ доранд ва барои ҷомеа хатарноканд.
Оиди мубориза бар зидди экстремизм Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» 2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабул ва ба имзо расида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт .
Қабл аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» 8 декабри соли 2003 қабул шуда буд. Бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, инчунин ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ, зарурат пеш омад, ки он дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Қонуни нав 6 боб ва 30 модда дошта, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Самтҳои асосии қонун:
Қонуни мазкур тибқи манбаъҳо аз 6 самт (боб) ва 30 модда иборат мебошад, ки дар онҳо самтҳои зерин ҷой доранд:
1. Қисми умумӣ – асосҳои ҳуқуқӣ ва мафҳумҳо.
2. Муқовимат ба экстремизм аз ҷониби мақомоти давлатӣ.
3. Ташкили ҳамоҳангсозии фаъолияти муқовимат ба экстремизм.
4. Масъулият барои экстремизм.
5. Таъмини ҳуқуқу озодиҳо ҳангоми муқовимат ба экстремизм.
6. Мукофот, ҳифзи кормандони иштирокчӣ дар муқовимат ба экстремизм.
Мубориза бар зидди экстремизм тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 аз чор самти амалкунии асосӣ иборад мебошад. Ин самтҳо дар қонун ба таври мушаххас муайян гардидаанд ва ҳар кадоми онҳо нақши муҳим дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ва амнияти давлату ҷомеа доранд.
Чор самти асосии амали қонун:
1. Фаҳм ва пешгирии экстремизм – Тадбирҳои пешгирикунанда, омӯзиш ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади ҷилавгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ.
2. Ошкор ва бартарафсозии фаъолияти экстремистӣ – Муайян кардани гурӯҳҳо, ашхос ва маводҳое, ки фаъолият ё муҳтавои экстремистӣ доранд ва чораандешӣ нисбат ба онҳо.
3. Танзими масъулият барои амали экстремистӣ – Таъин кардани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои иштирок, ташкили фаъолияти экстремистӣ ё паҳн кардани маводи марбут ба он.
4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ – Ташкили ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ ва дигар ниҳодҳо барои муборизаи муассир бар зидди экстремизм.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (таҳрири нав аз 2 январи соли 2020) масъалаҳои марбут ба мубориза ва муқовимат бар зидди экстремизм-ро ба таври муфассал ба танзим медарорад. Қонун ҳадафи таъмини амният, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дорад.
Мавзӯъҳои асосии танзимшаванда:
Қонун масъалаҳои зеринро фаро мегирад:
1. Мафҳум ва шаклҳои экстремизм – таъриф ва намудҳои фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла таблиғот, ташкили гурӯҳҳои мамнӯъ ва ғайра.
2. Асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм – принсипҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба ин мубориза.
3. Фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо – нақши ниҳодҳои давлатӣ дар ошкор ва пешгирии экстремизм.
4. Масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – барои дастгирии молиявӣ, ташкили фаъолият ва паҳн кардани ақидаҳои экстремистӣ.
5. Чораҳои пешгирӣ ва таълимӣ – корҳои фаҳмондадиҳӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолӣ.
6. Ташкили созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ – танзими фаъолияти онҳо бо назардошти талаботи зиддиэкстремистӣ.
7. Маҳдудсозии мавод ва маълумоти экстремистӣ – манъи паҳнкунии маводи дорои муҳтавои экстремистӣ.
Терроризм (аз калимаи лотинии terror — «тарс, ваҳшат») — ин идеологияи зӯроварӣ ва амалияи фишор овардан ба қарорҳои ҷомеаи байналмилалӣ, мақомотҳои давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ тавассути тарсонидани аҳолӣ ва ё истифодаи дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ мебошад.
Унсури калидии терроризм — тарс аст, ки террористон тавассути амалиёти ногаҳонӣ дар ҷомеа паҳн мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба имзо расида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 16 ноябри соли 1999 ҳамаи ҷанбаҳои мубориза бар зидди терроризмро муфассал муайян мекунад, ки ҳам ба пешгирӣ ва ҳам ба боздоштани амалҳои ғайриқонунӣ равона шудаанд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Терроризм шакли хатарноки ҷиноят мебошад, ки ба таҳдиди амният, суботи иҷтимоӣ ва ҳаёти инсонҳо равона шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ якчанд намунаҳои амалҳои террористиро муайян кардаанд. Дар зер намунаҳои маъмули терроризм оварда шудаанд:
Намунаҳои амалҳои террористӣ:
1. Тарконидан (таркишҳо) – Ин амалҳо метавонанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои давлатӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, фурудгоҳҳо ва ғайра сурат гиранд.
2. Ҳамла ба шахсиятҳои сиёсӣ, давлатӣ ё динӣ – Қасди куштор ё латукӯби шахсони маъруф бо мақсади таъсир ба сиёсат ё тарсонидани ҷомеа.
3. Рабудани одамон (гаравгонгирӣ) – Бо мақсади гирифтани имтиёзҳои сиёсӣ, озод кардани зиндониён ё таҳдид ба мақомоти давлатӣ.
4. Ҳамла ба иншооти муҳими давлатӣ ё инфрасохтор (терроризм бар зидди иқтисод) – Масалан, таркондани нерӯгоҳ, пул, фурудгоҳ, шабакаи барқ ё обу корез.
5. Тарғибот ва паҳн кардани ғояҳои террористӣ – Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, маводи чопӣ, видео ё суханрониҳо.
6. Молиявӣ ё моддӣ дастгирӣ кардани терроризм – Фиристодани маблағ, таъмини аслиҳа, таҷҳизот ё ҷойи зист барои афрод ё гурӯҳҳои террористӣ.
7. Ҷалб ё омӯзонидани афрод барои амали террористӣ – Шомил кардани ҷавонон ё дигар шахсон ба гурӯҳҳои террористӣ, омода сохтани онҳо дар лагерҳо ё тариқи онлайн.
8. Сӯиқасд бо истифода аз моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ ё радиоактивӣ – Ҳамлаҳо бо истифода аз заҳр, моддаҳои заҳролудкунанда ё маводҳои хатарноки дигар.
Барои пешгирии амали террористӣ, амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида мешавад. Дар минтақаи гузаронидани чунин амалиёт метавонад барои аҳолии оддӣ низоми махсуси ҳуқуқии маҳдудкунанда ҷорӣ карда шавад, ки ба таъмини амният равона шудааст. Шахсе, ки дар содир кардани амали террористӣ гунаҳгор дониста мешавад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Мафҳумҳои «экстремизм» ва «терроризм» ба ҳамдигар вобастагӣ доранд. Терроризм як қисми экстремизм аст, ки ҳамчун шакли зоҳиршавии он шинохта мешавад ва мустақиман бо истифода ё таҳдиди зӯроварӣ ва таъсир ба давлат алоқаманд аст.
Аммо экстремизм мафҳуми васеътар аст: он на танҳо амалҳои зӯровариро дар бар мегирад, балки фаъолиятҳои ғайризӯроварие низ метавонад бошад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро бо асоси идеологӣ поймол мекунад (масалан, тӯҳмат задан ба мансабдори давлатӣ дар шакли оммавӣ бо далелҳои дурӯғ).
Ҳам терроризм ва ҳам экстремизм асосан ба андешаҳои радикалӣ такя мекунанд ва хатару зӯровариро тарғиб мекунанд, ки ба шахсони дигар бо кадом набошад аломат таҳдид мекунад ва ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Экстремизм пеш аз ҳама ба тағйироти манфии фазои сиёсӣ равона шудааст (ин ҷо талафоти ҷонӣ ҳатмӣ нест), дар ҳоле ки терроризм ҳадаф дорад, ки вазъи умумии ҷомеаро ноором созад.
Ҳарду — ҳам экстремизм ва ҳам терроризм — нерӯҳои харобиовари иҷтимоӣ ҳастанд, ки ба шуури пайравонашон таъсири манфӣ расонида, ба фаъолияти муқаррарии ҳаёти дигарон халал мерасонанд. Муқовимат бо ин гуна ҷиноятҳо хеле мушкилтар аст, нисбат ба ҷиноятҳое чун дуздӣ ё ҳатто қатл, зеро экстремизм ва терроризм дар заминаи нияти расонидани зарар ба теъдоди зиёди одамон ва тамоми ҷомеа ба вуҷуд меоянд.
Аз ҳамин сабаб, экстремизм ва терроризм — ин масъалаи шахсии шахсоне, ки ба он дучор шудаанд, нест. Ин масъалаи муҳими ҳар яки мо мебошад.
Усмоналӣ САМИЕВ,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.