Очерк аз рӯйи аломат ва хосиятҳои худ жанри публитсистии аз ҳама мураккабтарин ба ҳисоб меравад. Табиаташ аз он иборат аст, ки он ҳам дар публитсистика ва ҳам дар адабиёти бадеӣ ба кор меравад. Дар публитсистика, одатан, омӯзиши жанрҳое, ки аз рӯйи сохтор ва душвории функсияҳои худ тасниф мешаванд, бо очерк ба анҷом мерасад. Баръакс, дар адабиётшиносӣ, омӯзиши жанрҳои насрӣ аз очерк оғоз мешавад. Яъне, очеркро бояд ҳамчун жанри бадеӣ-публитсистӣ донист, ки дар он унсурҳои публитсистика ва бадеият ба таври органикӣ омезиш меёбанд.
Очерк як жанри бадеӣ-публитсистии фаврӣ мебошад, ки воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ ва намояндагони гурӯҳҳои хоси иҷтимоии ҷомеаро дақиқ тасвир намуда, дар сохтори маънавӣ-бадеии худ хусусиятҳои адабиёти бадеӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фалсафиро (аксаран дар тафсири публитсистӣ) муттаҳид месозад. Табиати жанрии очеркро се унсур муайян мекунанд: сотсиологӣ, публитсистӣ ва тасвирӣ. Ду унсури аввал очеркро бо журналистика наздик месозанд, унсури сеюм бошад, онро ба адабиёти бадеӣ рабт медиҳад.
Муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ доир ба очерку навъҳои он, унсуру вазифаҳои он андешаҳои зиёде гуфтаанд. Агар В. Ампилов очеркро “шоҳ”-и жанрҳои бадеию публитсистӣ ҳисобида бошад, М. Муродӣ ва А. Қутбиддинов онро “жанри инсоншиносӣ” ва “жанри симосоз” номидаанд.
Воқеан, ин жанр аз нигоҳи омодасозии он меҳнати зиёдро талаб мекунад. Рӯзноманигор очерки хубро танҳо дар сурате навишта метавонад, ки агар ӯ ба усулҳои гуногуни инъикоси воқеият, ки дар ҳунари ӯ мавҷуданд, балад бошад.
Очерки портретӣ яке аз жанрҳои муҳим ва ҷолиби публитсистика мебошад, ки барои тасвири шахсиятҳои барҷаста, хислатҳои онҳо ва фаъолияти касбӣ ё иҷтимоияшон истифода мешавад. Ин навъи очерк ҳадаф дорад, ки хонандаро бо шахсияти муайян аз наздик шинос намояд, образи ӯро ба таври муассир ва воқеӣ нишон диҳад.
Аз нигоҳи мо, очерки портретӣ аз хусусияти зерин иборат аст:
1. Шахсиятмеҳварӣ: маркази таваҷҷуҳи очерки портретӣ шахсияти муайян аст, ки муаллиф симои ӯро бо истифода аз далелҳо, ҳодисаҳо ва хислатҳои фарқкунандаи ӯ тасвир мекунад.
2. Тасвири воқеӣ: очерк аз рӯйи воқеият навишта мешавад ва унсурҳои тахайюл ё ихтироъ дар он набояд ҷой дошта бошанд.
3. Образнокӣ ва услуби бадеӣ: барои таъсирбахш гардондани матн муаллиф унсурҳои бадеӣ, метафораҳо, тавсифҳо ва муқоисаҳои ҳайратангезро истифода мебарад.
4. Омезиши факт ва таассурот: дар баробари пешниҳоди далелҳои дақиқ, муаллиф таассуроти шахсии худро низ дар бораи қаҳрамон баён мекунад.
5. Муносибати шахсӣ: муаллиф метавонад муносибати шахсии худро нисбат ба шахсияти тасвиршаванда баён намояд, вале бояд дар доираи объективият қарор дошта бошад.
Чеҳранигорӣ ҳамчун жанри муҳими насри бадеӣ ва публитсистӣ дар ташаккули образи шахсиятҳои барҷаста нақши муассир дорад. Он дар баробари муаррифии зиндагӣ ва фаъолияти шахсони маъруф ба хонанда, ҳамзамон паҳлуҳои гуногуни шахсияти онҳоро низ ошкор месозад. Дар матбуоти тоҷик ва ӯзбек ин анъана таърихи тӯлонӣ дошта, тавассути очеркҳои портретӣ ва публитсистӣ чеҳраҳои дурахшони илму адаб, фарҳанг ва ҷомеаро ба таври рангин тасвир менамояд.
Нашрияҳои ӯзбекии «Дӯстлик»-и вилояти Хатлон ва тоҷикии “Овози Самарқанд”-и вилояти Самарқанд, ки ба тарғиби ҳамкориҳои фарҳангии байни ду халқи ҳамҷавор – тоҷикон ва ӯзбекон – равона шудаанд, дар ин замина саҳми арзанда доранд. Дар саҳифаҳои ин нашрияҳо чеҳранигории адибон ва фарҳангсолорони тоҷик ва ӯзбек ба таври густурда инъикос ёфта, хонандагонро бо ҳаёт ва мероси эҷодии онҳо ошно месозад.
Дар ин мақола мо ба таҳлили чеҳранигории ходимони адабии тоҷик ва ӯзбек дар очеркҳои ин нашрияҳо пардохта, вижагиҳои услубӣ, ғоявӣ ва бадеии онҳо, инчунин нақши ин матолиб дар таҳкими дӯстии ду миллатро баррасӣ хоҳем кард.
Рӯзномаи «Дӯстлик» дар вилояти Хатлон мавқеи хоси худро дорад. «Дӯстлик» ном додани ин рӯзнома аз равобити дӯстонаи фарзандони тоҷику ӯзбек сарчашма мегирад, ки садсолаҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, барои гулгулшукуфоии ин сарзамини бостонӣ – Тоҷикистони азиз ва рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он саъю талош меварзанд.
Рӯзноманигорони нашрияи «Дӯстлик» дар радифи дигар васоити ахбори омма воқеияти зиндагии имрӯза, рушду тараққии иҷтимоию иқтисодии вилоят, дастоварду муваффақиятҳо, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, умуман таҳаввулоту дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаёти рӯзмарраи вилоят ба амал меоянд, инъикос менамоянд. Аҳолиро ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳидоят ва сафарбар намуда, баҳри иҷрои вазифаҳо, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, дастгирии сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки аз таърихи таъсисёбии нашрияи «Дӯстлик», он ҳамчун минбари ифодагари дӯстии миёни халқҳои сокини кишварамон ва тарғибгари манфиатҳои давлату давлатдорӣ рисолати касбии худро то имрӯз сарбаландона иҷро намуда истодааст.
Арзи ҳастӣ намудани нашрияҳои бо забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва инчунин воситаҳои ахбори оммаи тоҷикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон далели равшани устуворию пояндагии риштаҳои дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва давлатии байни ду кишвар мебошад.
Соли 2016-ум 25-солагии рӯзномаи «Дӯстлик» қайд карда шуд. Ба муносибати ин ҷашн маҷмӯае бо номи “Дӯстлик гулдастаси” (Гулдастаи “Дӯстлик”) ба табъ расид. Дар ин маҷмуа маҳсули эҷоди 51 нафар эҷодкорони вилояти Хатлон инъикос гардид.
Инчунин, соли 2021 маҷмуа бо номи “Дӯстлик чамани” (Чамани дӯстӣ) намунаҳо аз офаридаҳои 53 нафари эҷодкорони вилоятро гирд оварда буд.
Нашрияи «Дӯстлик» дар муаррифии чеҳраҳои адабӣ ва эҷодкорони ӯзбекзабони Тоҷикистон таҷрибаи ғанӣ дорад. Нашрия кӯшиш мекунад, ки симои маънавии қаҳрамонро бо тамоми бузургӣ таҷассум намоянд. Очерки “Буюклар мангу яшайди” (Бузургон абадӣ зиндаанд) ба ин мисол шуда метавонад, ки дар он аз ҷумла оварда шудааст: “Ӯлмас Жамол ӯз умри давомида икки халқ, яъни тожик ва ӯзбек халқлари ӯртасидаги кӯприк тимсолида эди. Шунингдек, Тожикистон ӯзбек шеърияти дарғаларидан бири саналади…” (Ӯлмас Ҷамол дар давоми умри худ миёни ду халқ ба мисоли пул буд. Инчунин, яке аз сорбонҳои шеъри ӯзбекии Тоҷикистон ҳисобида мешавад).
Очеркнавис метавонад ва бояд лаҳзаҳои ҳаёти қаҳрамонро такмил диҳад, пурқувват кунад, зеро очерк нусхабардории рӯякии ҳаёт нест, яъне очерк сурат не, расм аст. Барои он ки лаҳзаҳо сохта нанамоянд, ба ҷараёни ҳаёти қаҳрамон зич пайваст шаванд, нависанда бояд қаҳрамонашро нағз донад, омӯзад. Муаллифи очерки болозикр ба ин муваффақ шудааст.
Дар очерки “Давримизнинг қаҳрамони” (Қаҳрамони даври мо) фаъолияти меҳнатӣ, ҷаҳду талошҳои касбазхудкунӣ ва маърифату масъулияти инсонии марди аҷиб Хушмуҳаммад Шобердиев ба тасвир омадааст: “Хушмуҳаммад Шобердиев табиатида риёкорлик, сохтакорлик, мансаб ёки шахсий манфаат йӯлида, нимадир ундириш илинжида “катта”ларга ялтоқланиш, хушомадгӯйлик иллатлари учрамайди” (Ба табиати Хушмуҳаммад Шобердиев иллатҳои риёкорӣ, сохтакорӣ, дар роҳи мансаб ё манфиати шахсиятӣ, хушомадгӯӣ бегона аст).
Албатта, предмети очерки мазкур шахсияти инсон аст. Мазмун ва мақсади чунин очеркҳо ба хонанда тасаввуроти мусбат дар бораи қаҳрамони матлаб додан мебошад. Барои ҳалли ин вазифа журналист, одатан, кӯшиш мекунад нишон диҳад, ки ин қаҳрамон ба кадом арзишҳо хизмат мекунад, манзараи ҳаёти худро чӣ гуна мебинад.
Профессор М. Муродӣ дар натиҷаи омӯзишу таҳлили асарҳои мухталифи публитсистӣ ба чунин хулоса омадааст, ки мутаассифона, дар публитсистикаи муосир жанри очерк симои анъанавии худро аз даст дода, бештар хусусияти иттилоотӣ касб намудааст ва ба тарҷумаи ҳол монанд гардидааст. Ба ақидаи ӯ, инъикоси ҷараёни бунёдкорӣ, тасвири инсони заҳматкашу муҳнатдӯст, матиниродаву меҳандӯст ва дорои хулқу атвори ҳамида кори осон нест ва на ҳар кас ба ин қодир мебошад. Барои тасвири симои чунин қаҳарамон ва ноил шудан ба ҳадаф шахс бояд қобилияти эҷодкорӣ, малакаю маҳорати баланди нигорандагӣ, таҷрибаи ғанӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва истеъдоду лаёқат дошта бошад.
Очерки портретӣ дар натиҷаи таҳлили бадеии шахсияти қаҳрамон, дар асоси омӯзиши паҳлуҳои гуногуни он (ахлоқӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва ғайра), яъне дар натиҷаи ошкор намудани хислати қаҳрамон ба вуҷуд меояд. Дар саҳифаҳои матбуоти даврии муосири тоҷик пайдо кардани як очерки мукаммали портретӣ душвор аст.
Портретҳои одамони машҳур – адибон, омӯзгорон, соҳибкорон, иқтисоддонҳо, кишоварзон, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои дигар – аксар вақт аз рӯйи тарҷумаи ҳоли мухтасари онҳо ё тавсифи корномаю зинаҳои мансабии қаҳрамон ба вуҷуд меоянд. Маводи “Рӯзноманигори ботаҷриба ва адиби варзида”, ки 28.05.2024 дар нашрияи “Овози Самарқанд” рӯйи чоп омадааст, кӯшиши чеҳракушоии Тошқул Азимзода, муовини сармуҳаррири ин рӯзнома мебошад: “Ҳар якеро баҳри коре сохтанд. Яке аз чунин инсонҳое, ки касби худро аз ҷон дӯст медорад ва аллакай дар соҳаи хеш ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст, рӯзноманигори ботаҷриба, нависандаи соҳибравия Тошқул Азимзода мебошад”.
Дар идома доир ба замону макони таваллуд, таҳсил ва ҷойи кору китобу мақолаҳои интишоршудаи қаҳрамони матлаб маълумот дода шудааст. Дар поёни мавод ба ҷуръату ҷасорати баланд, кордонӣ ва дилёбӣ, самимият ва садоқат, хоксорӣ ва ботамкинӣ дар пайроҳаи эҷод, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии Т.Азимзода ишора шуда, қайд гардидааст, ки ин хислатҳои қаҳрамон илҳомбахши кору пайкори аҳли фарҳанг, бахусус, ҷавононе гаштааст, ки бевосита бо адабиёт кор мебаранд. “Имрӯз аҳли адаб ва фарҳанг дар баробари ифтихор, ба маслиҳату раҳнамоии Т.Азимзода барин нависандаҳои соҳибсалиқа, қавирафтору қавигуфтор, соҳибхираду ботаҷриба, рӯзноманигорони ҳақгӯю ҳақиқатҷӯй, адолатпарвари мардумписанд ниёз доранд”.
Очерки портретӣ бо тасвири образноки ҳаёти инсонҳое чун Т. Азимзода, бо хусусиятҳои умдаи худ ҳамеша диққати хонандаро ҷалб менамуд. Дар шинохти он бояд нигоҳи амиқе дошт. “Дар навбати аввал бояд эътироф намуд, ки очерк нақл нест, балки тасвир аст. Тавсифи болохонадор низ очерк набуда, тарбия ва ҳикмати муайяни ин тавсиф ҳадафи аслӣ аст. Очерке, ки иттилоъ ва моҳияти иҷтимоиро дар худ фаро намегирад, очерк нест. Тарҷумаи ҳоли як нафар ҳатто бо дарёфти даҳҳо факту асноди нав очерк буда наметавонад”.
Хонанда аз очеркҳои портретӣ нафақат бо чеҳраи шахсиятҳо шинос мешавад, ҳамзамон, бо зиндагии ибратомӯзи онҳо ошно гардида, худро бо онҳо муқоиса мекунад ва беҳтарин хислатҳоро аз онҳо меомӯзад. Дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” ин ҳолат дар очерки “Эътирофи меҳнати пуршараф” намоён мешавад: “Холида Аллаёрова яке аз раисонест, ки ин вазифаро бо камоли ғайрат иҷро мекунад”. Дар очерки “Духтар бо роҳи падар рафт”-и “Овози Самарқанд” низ хислати қаҳрамон чунин ифода ёфтааст: “Н. Қодирова бонуи дилёб, фурӯтан ва некӯрафтору хушгуфтор аст”.
Дар бораи корнамоии меҳнатӣ сухан рондан ва онро бо обуранги бадеию публитсистӣ тасвир кардан аз муҳимтарин вазифаҳои матбуот, аз ҷумла жанри очерк мебошад. Хислати тарбиявии очерк он аст, очеркҳоро мутолиа карда, садҳо нафар ба корнамоии қаҳрамон пайравӣ мекунанд.
Таҳлили мавзуъ нишон дод, ки очерки портретӣ барои тасвири симои шахсиятҳои адабӣ (шоирон, нависандагон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва дигарон) имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла:
– муайян кардани ҷойгоҳ дар адабиёт: очерк нишон медиҳад, ки шахсияти мазкур дар рушди адабиёт ва фарҳанг чӣ саҳм гузоштааст;
– тафсири шахсияти эҷодӣ: муаллиф метавонад на танҳо фаъолият, балки тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии шахси тасвиршавандаро таҳлил намояд;
– намоиш додани хислатҳои шахсӣ: дар баробари чеҳраи эҷодӣ, хислатҳои инсонии қаҳрамон, сабки зиндагиаш ва арзишҳои ӯ низ инъикос мегардад;
– баён кардани муҳити эҷодӣ: очерк метавонад муҳит ва замонеро, ки шахсият дар он фаъолият мекард, равшан созад;
– намунаи шахсият барои хонандагон: чунин очеркҳо метавонанд хонандаро бо шахсиятҳои бузурги адабӣ ошно сохта, онҳоро ҳамчун намунаи ибрат манзур намоянд.
Ҳамин тавр, очерки портретӣ яке аз жанрҳои таъсирбахши публитсистика буда, барои чеҳранигории шахсиятҳои адабӣ имкониятҳои фарохро фароҳам меорад. Он метавонад хонандаро бо зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шахсиятҳои бузург ошно намуда, бо ҳикояти воқеӣ ва шеваи таъсирбахш хонандаро ба андеша водор созад.
Чеҳранигории ходимони адабии тоҷику ӯзбек дар очеркҳои нашрияҳои “Дӯстлик” ва “Овози Самарқанд” на танҳо як амали хабариву тарҷумаиҳолӣ, балки равиши фарҳангсоз ва инсоншинос мебошад. Ин очеркҳо бо баёни самимӣ, тасвири воқеӣ ва таҳлили амиқи шахсиятҳои адабӣ, дар баробари маълумотдиҳӣ, инчунин ба хонанда илҳом ва ифтихор низ мебахшанд.
Тавассути ин навиштаҳо насли имрӯз бо зиндагӣ ва мероси адабии чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги тоҷик ва ӯзбек ошно мегардад, ки ин раванд ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамзистии фарҳангии ду миллат хизмат мекунад. Дар маҷмуъ, чунин чеҳранигориҳо намунаи равшани хидмат ба забон, фарҳанг ва ҳамгироии тамаддунҳо ба шумор мераванд.
А. Мусозода,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»
