Нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 давраи рушди босуръати суханварӣ ва иртиботи омма ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти матбуот, радио, телевизион, пайдоиши технологияҳои нави иттилоотии компютерӣ, ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ ба ҷараёни истеҳсолот ва тавсеаи сухан таъсиррасон буда, ҳамаи ин ҷараёнҳои мураккаб ва гуногун на танҳо таҳқиқи тозаи илмӣ мехоҳанд, балки ҷанбаи амалии забони васоити ахбори оммаро тақозо доранд. Ҳамаи ин омилҳо ба ҷараёни истеҳсол ва паҳн гардидани калима, хусусиятҳои истифодаи нутқ ва характери тағйиротҳои забонӣ бетаъсир намемонад.
Ин ҷанба мавзуи баҳси яке аз шохаҳои нисбатан ҷавон ва муҳимми забоншиносии муосир – медиалингвистика ба ҳисоб меравад. Медиалингвистика амалкарди забонро дар ВАО меомӯзад. Мубрамияти омӯзиши он ҳамчун усули нави бонизоми омӯзиши забони ВАО ба он асос меёбад, ки матнҳои иттилоотии оммавӣ ва ё медиаматнҳо, яке аз навъҳои паҳншудаи мавҷудияти забон аст. Бинобар ин, омӯзиши як қатор масъалаҳои марбут ба он, аз қабили асосҳои назарӣ ва заминаҳои ҷамъиятии бавуҷудоии медиалингвистика, нақши ВАО дар рушди ҷараёнҳои забонӣ, мақоми функсионалӣ-услубии матнҳои ВАО, усулҳои омӯзиши онҳо, хусусиятҳои забонии матнҳои иттилоотӣ, иттилоотию таҳлилӣ, публисистӣ, реклама ва амсоли ин ҷанбаҳои тозаи рушди забони адабиро дар шароити муосир ошкор хоҳад кард.
Аҳаммияти таҳқиқи забони воситаҳои ахбори омма бо он муайян карда мешавад, ки аудитория ба омӯзиши бонизоми он дастрасӣ пайдо менамояд. Пайдоиш ва инкишофи медиалингвистика ҳамчун ҷараёни мустақил дар забоншиносии муосир бо як қатор омилҳо – ҳам забонӣ ва ҳам ба соҳаҳои иттилоотӣ-технологӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа мансуббуда алоқаманд аст. Барои пайдоиши ин шохаи нави забон як қатор заминаҳо низ ба вуҷуд омаданд, ки аз инҳо иборатанд: 1. Афзоиши босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар таъсиси шабакаи ҷаҳонии медиавии иртибот ифода меёбад.2. Ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ҳамчун муҳити маҷозии муоширати матнӣ.3. Ташаккул ва дарки илмии мафҳуми «забони ВАО», муқаррар намудани хусусиятҳои забониву услубӣ ва сохтори дохилии он. 4. Дарки ногузирии омӯзиши ҳамаҷонибаи медиаматнҳо, ки ба муттаҳидии кӯшишҳои намояндагони илмҳои гуманитарӣ асос ёфтааст. 5. Таҳқиқи забони ВАО дар чорчӯбаи медиалогия (media studies) – фанни наве, ки мавзуи баҳси он таҳлили ҳамаҷонибаи тараққиёти таърихӣ, ҳолати кунунӣ ва хусусиятҳои амалкарди маҷмуи воситаҳои иртиботи омма мебошад.
Дар айни замон ҳаҷми асосии истифодаи нутқ маҳз ба соҳаи иртиботи ҷомеа рост меояд. Матнҳои иттилооти оммавӣ – медиаматнҳо яке аз шаклҳои паҳншудаи мавҷудияти муосири забон мебошад, ки аз ҳаҷми умумии нутқ дар соҳаҳои дигар зиёдтар аст. Ин дар ҳолест, ки маҷмуи матнҳое, ки тавассути шабакаҳои ВАО таҳия ва пешниҳод мегарданд, пайваста афзуда истодааст.
Дар омӯзиши медиалингвистика, аниқтараш медиаматнҳо, як қатор методҳо аз ҷумла методҳои анъанавии таҳлили матн, таҳлили дискурсӣ, сотсиолингвистӣ, културологӣ (фарҳангӣ) истифода мешаванд. Сабаби истифодаи гурӯҳи медиаматнҳо характери байниилмӣ дорад. Сабаби чунин доираи васеъ доштани ин фан дар он аст, ки медиаматн имрӯз аз нуқтаи назари забоншиносӣ, сотсиология, психология, услубшиносӣ, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иртиботи байнифарҳангӣ омӯхта мешавад. Ҳамгироии усулҳои гуногуни медиаматн дар чаҳорчӯбаи медиалингвистика имкон медиҳад, ки дар хусуси хосиятҳои медиаматн, услуби он, хусусиятҳои таъсиррасонӣ ба шуури фардиву оммавӣ, усулҳои таъсири мутақобилаи сатҳи маҷозиву медиавӣ тасаввуроти маҷмуӣ ба даст оварда шавад. Дар миёни методҳои нисбатан самаранок ва маъмули омӯзиши медиаматнҳо инҳоро номбар кардан мумкин аст:
1) маҷмуи методҳои таҳлили забонӣ, ки имкон медиҳад хусусиятҳои матн дар сатҳи гуногуни забон – лексика, синтагматика, услубшиносӣ, сотсиолингвистика ошкор карда шавад;
2) методи таҳлили контентӣ ва ё таҳлили мундариҷа, ки ба ҳисоби омории воҳидҳои махсус омодашудаи матн асос меёбад;
3) методи таҳлили дискурсивӣ, ки ба назарияи дискурс асос ёфта имкон медиҳад робитаи байни ҷанбаҳои забонӣ ва ғайризабонии матн пайгирӣ шавад;
4) методи забоншиносии интиқодӣ (танқиди риторикӣ), ки имкон медиҳад ҷанбаҳои ниҳонии сиёсиву идеологии медиаматн ошкор карда шавад;
5) методи таҳлили когнитивӣ, ки ба омӯзиши ҷанбаҳои мафҳуми ВАО ва ошкор намудани воқеият асос ёфтааст;
6) методи лингвокултурологӣ (забонию фарҳангӣ), ки ба ошкор намудани ҷузъиёти аз нигоҳи фарҳангӣ муҳим, ба мисли реалияҳо, иқтибосот, калимаҳои хориҷӣ, лексикаи бемуодил, ки имкон медиҳад дар хусуси ҷанбаи фарҳангии ин ё он навъи медиаматн, махсусияти миллию фарҳангии он тасаввурот пайдо намоем, асос ёфтааст.
Дар медиалингвистика методи муҳим таҳлили лингвистӣ мебошад, зеро таҳлили матнӣ имкон медиҳад, ки қонунияти таҳияи медиаматнҳо дар сатҳи наҳв ва услубшиносӣ ошкор карда шавад. Таҳлили сатҳи … таносуби устуворӣ ба ин ё он матнро нишон медиҳад. Масалан, жанри хабар бештар ба ифодаи феълӣ такя мекунад, зеро вазифааш иттилорасонӣ аст, аммо дар публитсистика, таҳлили иттилоотӣ, реклама ифодаҳои муайянкунандагӣ (атрибутивӣ) бештар ба назар мерасанд. Таҳлили синтагматикии медиаматн имкон медиҳад, ки як миқдор ифодаҳои устувори ба ин ё он мавзуъ бахшидашуда ошкор гардад. Масалан, ҳангоми инъикоси мавзуи ҳаёти сиёсии байналмилалӣ ифодаи зерин мушоҳида мешавад: вохӯрии сатҳи олӣ, ташриф овардан, ҷавобан ташриф овардан, гуфтушунид кардан, шартнома имзо кардан, ба мувофиқа расидан, изҳори нигаронӣ кардан ва ғ.
Методи таҳлили услубӣ низ аҳаммияти муҳим дорад, зеро медиаматн аз нигоҳи воситаҳои муассири забон, воситаҳои тасвири бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, метафора, таҷнис, такрор ва ғ. ниҳоят зиёданд. Дар саҳифаҳои ВАО як миқдор ифодаҳои маҷозӣ истифода мешаванд, ки матлаби журналистонро ифода мекунанд. Аз қабили саҳнаи сиёсат, нуқтаи даргир, оташи ҷанг, таркиши иттилоот ва ғ.
Ҳангоми омӯзиши медиаматн усули таҳқиқи контентӣ ниҳоят муҳим аст, зеро ин таҳлили мундариҷа аст ва барои таҳқиқи медиаматн имконоти васеъ фароҳам меоварад. Ин метод марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад: 1) муайян кардани ҳадафҳои мушаххас ва вазифаҳои таҳқиқи матн; 2) ҷудо кардани ҷузъиёти муҳимми матн вобаста ба хадаф ва вазифаҳои таҳқиқ; 3) гирд овардани маводи кофӣ барои коркарди минбаъда; 4) ҳисоби омории аломатҳои интихобшуда; 5) баррасии илмии маълумоти бадастомада дар робита бо вазифаҳои таҳқиқ.
Чи тавре ки зикр гардид, барои омӯзиши назарии забони ВАО ва таҳияи назарияи медиалингвистикаи тоҷик заминаҳо, усулҳо ва имконот вуҷуд дорад, зеро заминаҳои амалии медиалингвистикаи тоҷик ҳанӯз аз солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта гузошта шуда буд ва олимону муҳаққиқони тоҷик ба таҳқиқи масъалаҳои мухталифи забони матбуоти тоҷик рӯй оварданд, ки ин анъана то ҳанӯз давом дорад. Дар ин ҷода хизмати забоншиносону адабиётшиносони маъруфи тоҷик С. Айнӣ, М. Юсуфзода, Т. Зеҳнӣ, Р. Ҳошим, О. Исматӣ, Н. Маъсумӣ, М. Шакурӣ, Ш. Рустамов, Т. Бердиева, Б. Камолиддинов, М. Қосимова, Ӯ. Холиқназар, Р. Ваҳҳоб, М.Ҷ. Мирзоева, М.Р. Ҷӯраева, М.М. Мирзоева, М. О. Ҷумъаев, Ҳ.О. Сафаров, Б.Ғ. Шодиев ва чанде дигаронро зикр кардан муносиб аст.
Омӯзиш ва таҳқиқи илмии забони ВАО дар забоншиносии тоҷик дар нимаи дуюми асри ХХ сурат гирифт. Соли 1985 китоби адабиётшинос М. Шукуров таҳти унвони «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» аз чоп баромад, ки ба нуқсони истифодаи калимаву ибораҳо аз ҷониби аҳли қалам бахшида шудааст. Забоншинос Т. Бердиева соли 1969 бо номи “Иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ (дар асоси материалҳои матбуоти солҳои 20-ум)” ва соли 1991 монографияи дуюми худро доир ба иқтибосоти арабӣ бо номи «Назарияи иқтибос» ба табъ расонид, ки дар он бештар ба масъалаи назариявии иқтибосот таваҷҷуҳ карда шудааст. Баъдан соли 2000-ум Ӯ. Холиқназар таҳти унвони “Ғалат менависем” ба калимаҳои душвори забони тоҷикӣ, соли 2001 (такроран соли 2015) забоншинос Б. Камолиддинов дар китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ба паҳлуҳои гуногуни забони матбуот, пеш аз ҳама, истеъмоли калима, истилоҳ, иқтибосоти арабӣ, воҳидҳои фразеологӣ, қолабҳои шаклсозиву калимасозӣ, воситаҳои грамматикӣ, ибораву ҷумла таваҷҷуҳ кардаанд. Дар маҷмуаи «Сухандонон сухан санҷида гӯянд» мақолаҳои илмии дар бораи забони матбуот таълифнамудаи профессор Б. Камолиддинов ҷой дода шудаанд. Маҷмуаи «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» аз ҷумлаи таҳқиқоти солҳои охир доир ба забони матбуот анҷомдодаи муҳаққиқ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, М.Н. Қосимова дар «Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан»ба ҷанбаҳои забонии медиаматнҳо таваҷҷуҳ кардааст. Дар ин раванд рисолаи доктории муҳаққиқ М.Р. Ҷӯраева «Таҳлили коммуникативию прагматикии қолабҳои устувори муошират дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз рисолаҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад.
Дар самти медиалингвистикаи амалӣ, инчунин, як силсила асару мақолаҳо, ба мисли «Дар бораи баъзе нуқсонҳои забони матбуоти тоҷик»-и Б. Камолиддинов, «Матбуот ва забони он»-и С. Мирзоев, «Нақши матбуот ва тарҷума дар ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ»-и С. Назарзода, «Баъзе нуқсонҳои тарҷума дар матбуот»-и М.Ҷ. Мирзоева, «Баъзе масъалаҳои забони матбуот»-и М. О. Ҷумъаев таълиф шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни луғавӣ, грамматикӣ, услубии забони матбуот мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Тамоми асару мақолаҳое, ки ба забони ВАО бахшида шудаанд, далели таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба медиаматн мебошад, ки ин ҳам яке аз заминаҳои пайдоиши медиалингвистика ба шумор меравад. М. Шукуров дар «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» менависад: «Забон ҳамеша дигар мешавад ва баробари замон сифатҳои тоза пайдо мекунад. Ин сифатҳои тоза забонро баробари ҷомеа пеш мебаранд ва ба он имкон медиҳанд, ки ба ҳама хостаҳои нав ба нави пешрафти ҷомеа ба хостаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавии он сари вақт посух гӯяд. Лекин ин пешрафт ҳамеша як раванди мураккаби зиддиятнокест ва хусусан дар давраҳои инкишофи пурсуръату пурталотум зиддиятҳои он меафзояд. Дар ин ҷо диалектикаи тараққиёти таърихӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ на ҳар чизи наве, ки дар забон пайдо мешавад, ҳодисаи мусбат аст».
Нигоҳ доштани асолати забони адабии тоҷикӣ, назорат кардани риояи меъёри забон ва ошкор намудани норасоиҳо вазифаи аҳли қалам – нависандагон, забоншиносон ва журналистон, хоса соҳибони забон аст. Ҳар он маводе, ки онҳо тавассути ВАО пешниҳод мекунанд, ба ҳар васила ба афкори мардум таъсир мерасонанд и ва ин таъсир, ба назари мо, бояд мусбат бошад. Забоншиноси варзидаи тоҷик профессор М.Н. Қосимова дар ин маврид менависад: «…забони ахбори омма – матбуот, телевизион, радио – ба нутқи шифоҳии мардум нақши бузурги худро мегузорад (ҳам дар дуруст ва ҳам дар нодуруст корбаст кардани воҳидҳои забонӣ). Аз ин сабаб риоя шудани меъёрҳои забон дар саҳифаҳои матбуот, дар радио, дар телевизион барои нигоҳ доштани покизагиву фасоҳату назокати забон ёрӣ мерасонад».
Воқеан, ҳар як падидае, ки дар ВАО пайдо мешавад, мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор мегирад, зеро «мутаассифона, бо сабабҳои воқеию зеҳнӣ дар ҳамаи давраҳои мавҷудияти худ забони рӯзномаву маҷаллаҳои мо аз нуқсонҳои таҳрир фориғ набудааст ва ин боиси нороҳатии устодони каломи балеғ ва сухану нуктасанҷон гардидааст».
Чи тавре ки ба мушоҳида мерасад, омӯзиши ҷанбаи забонии медиматнҳо, аз як тараф, заминаи назарии медиалингвистикаро ба вуҷуд оварад, аз тарафи дигар, соҳибзабононро ҳушдор месозад, то дар истифодаи воҳидҳои забон (аз ҷумла дар маводди ВАО) ба ғалатҳо роҳ надиҳанд ва асолати ин забони бою қадимаро нигаҳ доранд.
М. Мирзоева
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»