Дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмуни “Китобхон ва ҳисобдони бехтарин” ҷамъбаст гардид.
Озмун аз ду қисмат иборат буда, қисмати якум аз математика буда, ба тариқи тестӣ ва қисмати дуюм аз фанни забони модарӣ ба тариқи санҷиши суръати хониши хонандагон ва навиштани имло гузаронида шуд.
Мақсади гузаронидани ин озмун санҷидани сатҳу сифати дониши хонандагони синфи 1 мебошад.


