Иқтибос аз Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони азиз! Мо дар симои шумо созандагони Ватан ва давомдиҳандагони анъанаҳои неки миллатро мебинем. Аз ин рӯ, шумо низ дар навбати худ бояд дар бораи мақом ва моҳияти ғояҳо ва арзишҳои миллӣ пайваста андеша намоед. Зеро арзишҳои миллӣ ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояҳои созанда, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ мегарданд.