Иқтибос аз Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонони Тоҷикистон
Мо ҳанӯз баробари ба даст овардани истиқлолият бо амалӣ намудани сиёсати давлатӣ зарурати ташаккули сиёсати ҷавононро дар ҷомеа ба инобат гирифта, соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намудем, ки аз мақом ва таваҷҷӯҳи хосаи мо ба ин табақаи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Маҳз бо қабули ҳамин санад ташаккули яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, яъне сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардида, дар заминаи он барои тарбияи инсони комил, ватандӯсту ватанпарвар, содиқу бофарҳанг ва бонангу номус шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Имрӯз низ истифодаи самаранок ва татбиқи ташаббусҳои ҷадиду нерӯи муосир яке аз афзалиятҳои стратегии давлат ва ҷомеа мебошад, ки манбаи онҳо, пеш аз ҳама, ҷавононанд.