Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар муқовимат бо коррупсия» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ёсуман Акрамзода, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар, оғоз гардид. Мавсуф доир ба аҳамияти нақши ҷавонон дар мубориза бо коррупсия ёдовар шуда, зикр намуданд, ки танҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаи насли ҷавон метавонем, бар зидди ин зуҳуроти манфӣ муборизаи муассир барем.
Дар идомаи вохӯрӣ Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар мавзуи “Ҷавонон бояд аз давлату давлатдории миллӣ ифтихор намоянд”, “Амирхон Юсуф, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар мавзуи «Ҷавонон ояндасози миллат», Озар Шаҳидуллозода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуи «Ҷавонон бар зидди коррупсия», Собирҷон Давлатзод, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар мавзуи «Таърихи пайдоиши коррупсия ва нақши ҷавонон дар муқовимат ба ин падидаи номатлуб», Анвар Нусратзод, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия омили пешрафти ҷомеа» ва Ифтихор Саидзода, муовини сардори раёсат- сардори шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи раёсати адлияи вилояти Хатлон дар мавзуи «Мақомоти адлия ва саҳми он дар мубориза бо коррупсия» маърузаҳои намуданд.
Дар охири конференсия ба як қатор шахсони фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.



