Эътимод вақте ба даст меояд, ки паёмҳои идоравӣ на хусусияти рекламавӣ дошта бошанд. Матнҳои PR набояд андешаро дар бораи иштироки муштарӣ дар ин ё он раванд таҳмил намоянд. Вазифаи онҳо дар тасаввуроти муштарӣ бедор намудани эҳсоси хоҳиш аст. Дар ҳамин ҳол, хусусиятҳои таблиғро на танҳо дар муштарӣ, балки дар ҳамкорон ва нашрияҳои барои кормандон пешбинигардида ошкор кардан имконпазир аст. Инъикоси фалсафа ва фарҳанги корпоративӣ барои ВАО-и корпоративӣ хеле муҳим дониста мешавад. Онҳоро мо метавонем шартан арзишҳои корпоративӣ номем. Арзишҳои ширкат воситаи муҳимми ҷалби шарикони нав ва маблағгузорӣ аст.
Агар дар маҷмуъ, тамоми соҳаро баҳо диҳем, нашрияҳои корпоративӣ рақобат надоранд, аудитория дар дохили ширкат ва ё ташкилот маҳдуд мешавад. Агар нашрияи органҳои партиявӣ, иттифоқи касаба, комитетҳои комсомолӣ ва маъмурияти фабрикаи трикотажи Уротеппа ба номи 60-солагии СССР – «Минбари коргар»-ро, ки аз соли 1988 то соли 1992 нашр шудааст, ба инобат гирем, аудиторияи он тамоми вилояти Суғд буд, вале доираи муштариёни маҷаллаи «Садаф» («Перламутр») – нашрияи корпоратсияи байналхалқии дандонпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шумораи умумии нашр хеле маҳдуд буда, асосан кормандони соҳаро ташкил медод. Қабл аз буҳрони ҷаҳонии молияву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба шарофати тиҷорат теъдоди зиёди нашрияҳои корпоративӣ ба вуҷуд омада, дар фазои иттилоотӣ имиҷ, нуфуз ва мавқеи муайян доштанд. Роҳбарияти як қатор муассисаҳои молиявӣ ба шумули бонкҳо хоҳишманди он буданд, ки ба ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсири иттилоотӣ расонанд. Ба таъкиди А. И. Нуруллина, ҳадафи асосии сомонаи корпоративӣ дастгирии тиҷорати воқеии мавҷуда мебошад. Метавон гуфт, ки ин дастгирӣ дар омилҳои зерин ифода мегардад:
Рекламаи молу хизматрасониҳои ширкат дар интернет. Албатта, барои татбиқи ин қдом танҳо мавҷудияти сомона кофӣ нест. Реклама ва PR дар васоити ахбори электронӣ ва ҷалби меҳмонон ба сомона ба маҷудияти муштариёни эҳтимолӣ асос меёбад.
Васеъ намудани теъдоди мизоҷон. Воситаи асосии дарёфти мизоҷони эҳтимолӣ барои ширкат, пеш аз ҳама, сомона мебошад. Агар он зебо ва ҷолиб тарроҳӣ шуда бошад, ба меҳмонон имкон медиҳад, ки маҳсулоти дилхоҳро фармоиш диҳанд ва ё ба ин ё он саволи худ посух пайдо намоянд. Пешниҳоди маълумоти муфассал кори фурӯшро осон мекунад ва таҷрибаи мубодилаи муштариёнро бо ширкат беҳтар месозад. Ба сифати маҳсулот низ омилҳои муайян вобаста ҳастанд. Хабари муфассал дар бораи маҳсулот, мол ё хизматрасонӣ барои қабули қарори харид аз ҷониби муштарӣ кӯмак мерасонад. Ҷалби муштариёни нав барои ширкат метавонад роҳи асосии ба даст овардани даромад тавассути интернет бошад.
Дар Интернет хеҷ монеаи ҷуғрофӣ вуҷуд надорад. Корбар метавонад, ки ба сомонаи корпоративии ширкат аз тамоми ҷаҳон дастрасӣ пайдо намуда, маълумоти заруриро дастрас кунад. Шароити муосир имкон медиҳад, ки таблиғот бо корбарон аз ҳама нуктаи олам онлайн сурат гирад. Зимнан, мушкил ва монеаи забонӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, сомонаҳои аксар корпоратсияҳои Тоҷикистон ба фаъол будани саҳифаи забони русӣ ва хориҷӣ бартарӣ медиҳанд, зеро ин саҳифаҳоро ҳам аудиторияи дохилӣ мутолиа мекунад ва ҳам хориҷӣ. Агар аудиторияи интернетии ҳар як кишвари мушаххас ҳадафи ширкат бошад, метавон бо забонҳои дигар намунаи сомонаҳоро эҷод кард. Масалан, барои ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили мамлакат хизмат мерасонанд, фаъол намудани саҳифаҳои интернетӣ ба забони хориҷӣ, пеш аз ҳама русию англисӣ ба манфиати кор дониста мешавад. Ҷалби созмонҳои диллерӣ ва франчайзингҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кори нав нест. Бисёр ширкатҳо барои пешбурди маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ доранд ва яке аз роҳҳои маъмултарини кор бо минтақаҳо бастани шартнома бо созмонҳои диллерӣ ва ташкилотҳои франчайзингӣ мебошад.
Франчайзинг аз калима англисии franchising гирифта шуда, маънои имтиёз ё бартариро дорад. Зери ин мафҳум муносибатҳои бозорӣ байни субъектҳое фаҳмида мешаванд, ки як ҷониб (франчайзер) ба ҷониби дигар бар ивази пардохти маблағ ҳуқуқи истифодаи навъи соҳибкориро дар ихтиёр гузошта, модели тиҷоратии онро ба асос мегирад, яъне аз номи худ бо истифода аз маҳсулоти хом, технология ва тамғаҳои тиҷоратӣ ё бренди франчайзер баромад менамояд.
Ба маънои умумӣ, франчайзинг «иҷора»-и тамғаи молӣ ё нишони тиҷоратӣ мебошад. Истифодаи франчайзинг бо шартномаи байни франчайзер (шахсе, ки франчайзинг медиҳад) ва франчайзи (шахсе, ки онро мегирад) танзим мегардад. Мазмуни шартнома метавонад гуногун бошад – аз содда то мураккаб, вале дар он ҷузъиёти хурдтарини истифодаи тамғаи молӣ баррасӣ мегардад. Чун қоида, шартнома маблағи тарҳҳоро барои истифодаи франшиза танзим мекунад (тибқи таҷриба, маблағ метавонад муайяншуда, якдафъаина ва фоиз аз фурӯш бошад).
Шартҳои истифодаи тамғаи молӣ ё бренд метавонанд ҳамчун банди алоҳидаи шартнома хизмат намояд. Ин шартҳо метавонанд озод ва ё қатъӣ бошанд. Таҷрибаи фаъол шудан ва сермуштарӣ будани тарабхонаҳои машҳури KFC, «Segafredo», «CZN Burak», «Шоколадница», «Мерве», «Устои чотир» (Chitir Usta), «Sait Efendi», «Iskender», «Латина-Душанбе» (Latina-Dushanbe), «Osteria Mario», «Швили», «Сафо», «Coffee Moose», «HotDogger», Академияи футболи «Ювентус», Клуби инноватсионӣ ва фитнеси «Крокус фитнес», X-Fit, мағозаҳои «Colin`s», «Waikiki», мағозаи «Ашан», меҳмонхонаҳои «Hilton», «Serena», «Hayat» ва дигарон дар Тоҷикистон бозгӯи дуруст кор кардани низоми франчайзингӣ аст. Вобаста ба ин мавзуъ ҳанӯз 5 декабри соли 2020 оҷонсии иттилооии «Азия-плюс» [12] мавод нашр карда буд. Ё франшизаи «Central Asia’s Got Talent» аз барномаи маъруфи ҷаҳонии «Got Talent» мебошад. «Got Talent» формати мушаххаси ток-шоуҳои телевизионӣ аст, ки ба ширкати бритониёии «Fremantle» марбут буда, то имрӯз дар 70 мамлакати олам пахш шудааст.
Масалан, тарабхонаи итолиёвии «Остерия Марио» ва хӯроки зудтайёр (бистро)-и гурҷии «Швили» аз рӯйи консепсияи «casual dining» – хӯроки ҳамарӯза кор мекунанд. Ин ду тарабхона бо шарики франчайзи кушода шудаанд. Дар кишвари мо ин лоиҳаро холдинги «Тигрус» татбиқ менамояд.
Зимни ифтитоҳи ин нуктаҳои хизматрасонӣ Александр Мурачев, шарики роҳбарикунандаи тарабхонаи холдинги «Тигрус» чунин таъкид намуд: «Консепсияҳои мо барои аксари истеъмолкунандагон шиносанд. Ҳоло барои бозори тарабхонаҳо замони душвор аст, вале мо мебинем, ки таваҷҷуҳ ба лоиҳаҳои холдинг дар байни сармоягузорон ҳам Федератсияи Россия ва ҳам хориҷ аз он афзоиш ёфтааст. Ҳама гуна буҳронҳо бозорро пок карда, тарабхонаҳои суст идорашавандаро берун мекунад ва танҳо лоиҳаҳоеро пеш мебарад, ки санҷидашудаанд ва метавонанд бо мушкилоти нав мубориза баранд». Холдинги «Тигрус» соли 2005 аз ҷониби Ҳенрик ва Юлия Винтер таъсис ёфта, ҳоло ҳуқуқи беш аз 40 муассисаро дар Маскав, Қазон, Толятти, Якутск ва Душанбе намояндагӣ мекунанд.
Тавре аз таҷрибаи нашри ВАО-и корпоративӣ дар Тоҷикистон бармеояд, аксар вақт ин ба соҳаи хизматрасонӣ ё тиҷорати хурд марбут буда, доираи муайяни харидоронро фаро мегиранд. Барои ҷалби чунин аудитория зарур аст, ки маҳсулоти пешниҳодшаванда тавассути сомонаи корпоративӣ ба манфиат ва доираи таваҷҷуҳи онҳо манфиатовар бошад.
Сомонаи корпоративӣ метавонанд мағозаи онлайнро ҳамчун унсури таркибӣ ва сохторӣ истифода намуда, воситаи нави мухобирот бошанд. Аксар вақт, ширкатҳое, ки барои муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоташон сомона месозанд, танҳо бо бахши савдои мол умаҳсулот маҳдуд мешаванд. Дар ин сурат, чун қоида, тахфифҳо пешниҳод мегарданд, аммо харидор барои гирифтани маҳсулот бояд ба идораи ширкат ҳатман ташриф орад. Масалан, чунин навъи тиҷорат дар соҳаи суғурта, бахусус суғуртаи автомобилҳо дар Аврупо ва Россия ва дар мамлакати мо – соҳати тиҷорат густариш ёфтааст. Мисоли равшани чунин муносибати молумулкӣ фаъолияти бисёрсолаи сомонаҳои www.alif.shop (мағозаи электронии бонкӣ), https://volna.tj/ (мағозаи электронии техника), https://depsto.com/ (молҳо барои хона аз Корея), https://alibobo.tj/ (намояндагии интернет-мағозаи машҳури ҷаҳонӣ), https://avrang.tj/ (мағозаи мебел барои хона), http://xiaomi-mi.tj/ (мағозаи техникаи рақамӣ дар Тоҷикистон), https://obbo.tj/ (маркетплейс дар Тоҷикистон), https://dastras.tj/ (мағозаи фурӯши маҳсулот), https://beeyor.tj/ (дастраскунии маводи хӯрокворӣ) ва ғайра маҳсуб меёбад.
Тавре аз таҷриба бармеояд, дар рақобат ва муносибатҳои бозорӣ имрӯз сомонаҳои номбурда барои гум накардани эътимоди муштарӣ талош карда, сатҳи гуногуни хизматрасониҳоро таъмин менамоянд. Ин таъминот, қабл аз ҳама, дар мавҷуд будани маълумоти мукаммал дар сомонаҳои ширкат оид ба ҳама маҳсулот, харид ва дастраскунии он марбут аст.
Технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки дар сомонаҳои ширкат «ҳисобҳои шахсӣ»-и муштариёни доимӣ боз гардида, вобаста ба харид барояшон тахфифҳои гуногун пешниҳод карда мешавад. Масалан, аксарияти ҷамъиятҳои саҳомии кушода ва пӯшидаи Тоҷикистон, ки ба хизматрасонии бонкӣ машғул ҳастанд, ба муштариён хизматрасонии интернетбанкингро манзур мекунанд. Он ба корбар ё мизоҷ имкон медиҳад, ки суратҳисоби худро аз фосилаи дур тафтиш кунад ва муомилоти гуногун анҷом диҳад. Бо истифода аз интернет, муштариён метавонанд ба шуъбаҳои хидматрасонӣ дархост фиристанд, фармоишҳои иловагӣ диҳанд ва барои пайгирии дархости худ пардохт намоянд.
Бренд нуфузе аст, ки тавассути ин ё он симо (образ) дар назар ё фаҳмиши муштарӣ ташаккул ёфта, маҳаки асосии онро фарқ кардани молу маҳсулот ва хизматрасонӣ нисбат ба дигар иштирокчиёни бозор ташкил медиҳад. Бренд барои истифодабарандаи сомона замоне аҳаммиятнок мегардад, ки ӯ иштирокчии фаъол ва муштарии доимии онҳо бошад. Дар ин сурат, шубҳа оид ба сифати маҳсулот гум мешавад. Муҳим аст, ки аудиторияи мақсаднок бо бренди ширкат дар интернет робита дошта бошанд ва бо он фаъолона ҳамкорӣ кунанд. Таҳияи имиҷи бренд ва эҷоди арзиши бренд бояд аз ҳадафҳои муҳимми ширкат бошад. Ҳузури ин ё он корхона дар интернет бояд барои расидан ба ин ҳадаф муосидати амиқ ва амалӣ намояд.
Дар шароити муосир набудани сомонаи ширкат баҳои манфӣ ба фаъолияти ӯ дониста мешавад. Фаъол будани саҳифае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё дар ҳоли коршоям нигоҳ доштани сомонаи корпоратсия масъулияти авлавиятдоштани шуъбаҳои марбута маҳсуб меёбад. Барои ширкатҳо бисёр муҳим аст, ки муштариён ва шарикон сомонаи онҳоро чӣ гуна қабул мекунанд.
Ба таъкиди муҳаққиқ В. А. Андреева, барои эҷоди тасаввуроти мусбат дар байни харидорон, сомона бояд дорои хусусиятҳои зерин бошад:
-тарҳи касбӣ ва ҷолиби диққат;
-мунтазам навсозии иттилоот (ахбори ширкат, нархномаҳои ҷорӣ, маълумот дар бораи аксияҳо, мақолаҳо оид ба молу хидматҳо ва ғайра);
-нигоҳ доштани муколама бо мизоҷон ва таъмини иштироки онҳо дар иртиботи тарафайн (форум, дафтари меҳмонон, китоби баррасиҳо, саволномаҳо, пурсишҳо).
Сомонаи ба ин талабот ҷавобгӯ ба меҳмонон таассуроте мебахшад, ки ширкат дар бораи манфиатҳои муштариёни худ ғамхорӣ мекунад ва мавқеи фаъол ва устуворро дар бозор соҳиб мебошад. Намунаи хуби вебсомона, ки ба имиҷи мусбати корпоративӣ мусоидат мекунад, сомонаи бонки «Алиф» www.alif.shop мебошад. Фармоишгаре аз ин ё он ширкат мол, маҳсулот ва ё хизматрасонӣ харидорӣ менамояд, метавонад ҳар лаҳза ба маълумоти иловагӣ ниёз пайдо намояд. Ин маълумот метавонад дар бораи маҳсулот, сабабҳои эҳтимолии вайроншавии он, суроға ва рақами телефон ва ғайра бошад.
Ҳамзамон, бояд ба инобат гирифт, ки харидор метавонад аз дилхоҳ кунҷи олам бошад. Фаъол будани сомонаи корпоратсия дар ин ҳолат манфиатовар дониста шуда, почтаи электронӣ ва форумҳои он бояд мунтазам иттилооти навро фарогир бошанд. Таркиби мухобиротии онҳо ба харидор нигаронида шавад. Дар сурате, ки муштарӣ бо чунин навъи муносибат ва дастгирии дурусти иттилоотӣ рӯ ба рӯ мегардад, ҷиҳати дуруст будани интихоби худ шубҳае ҳосил намешавад. Чунин кор гирифтан бо шарикони ширкат низ имконпазир аст. Шарикон, дар навбати худ, метавонанд созмонҳои диллерӣ ва франчайзингҳо ҷалб намоянд ва ҳамзамон, иштирокчиёни барномаҳои гуногуни шарикӣ бошанд.
Сомонаи корпоратсия бояд на танҳо ба шарикон иттилоот ва дастгирии машваратӣ пешниҳод намояд, балки ба онҳо имкон диҳад, ки омори онлайнии кор бо ширкатро дар ихтиёр дошта бошанд. Беҳтар ба роҳ мондани равандҳои тиҷоратӣ аз афзалиятҳои дигаре аст, ки метавонад барои пешрафти кори сомонаҳои корпоративӣ замина гузорад. Тавре аз таҷриба бармеояд, мавҷудияти филиалҳо дар навоҳии дурдасти мамлакат барои ширкат як қатор мушкилотро ба вуҷуд меорад. Мубодилаи саривақтӣ ва фаврии иттилоот яке онҳо аст. Интиқоли ахбор аз як нукта ба нуктаи дигар мунтазам ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ иртибот дошта, бехавф дастрас шудани иттилоотро таъмин карда наметавонад. Мо бояд дарк кунем, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад.
Аз ин ҷиҳат, муносибати мо ба иттилоот низ ба бознигарӣ ниёз дорад. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву мухобиротӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Амнияти иттилоотӣ мавзуи рӯз аст. Доштани маълумоту хабари зиёд дар ҷомеаи иттилоотӣ «идора кардани ҷаҳон»-ро ба ёд меорад.
Дар ин росто, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии он ба хотири озодии баён проблемаи муҳим аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд.
Дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ коҳиш ёфта, қабули қарорҳои муҳим аз ҷониби онҳо душвор гардад, ба аҳолӣ итилооти бардурӯғ нисбат ба мақомоти давлатӣ пешкаш гардида, нуфузи онҳо дар назди шаҳрвандон паст ва обрӯи намояндагони онҳо таназзул гардад. Дар маҷмуъ, муборизаҳои иттилоотӣ ба идоракунии манипулятивии шуури ҷамъиятӣ ва фардӣ, таҳмил намудани ҳадафҳои бегона нигаронида шуда, дар ин раванд тамоми воситаҳо мавриди истифода қарор мегирад.
Мо набояд дар бораи арзёбии мутахассисони PR, ки ВАО-и корпоративиро ҳамчун воситаи робита бо ҷомеа медонанд, фаромӯш кунем. Агар роҷеъ ба озодии баён сухан кунем, бешубҳа, дар ВАО-и корпоративӣ он аксар вақт маҳдуд аст, аммо барои эҷод ва рушди масъалаҳои эҷодӣ ҳеҷ гоҳ монеа мавҷуд набуд. Аз ин лиҳоз, гуфтан душвор аст, ки журналистони ВАО-и корпоративӣ озод нестанд. Муҳаққиқ А. Ю. Бабкин бар ин назар аст, ки дар нашрияҳои корпоративӣ ҳама мавзуъҳо ба «дуруст» ва «нодуруст» («манъшуда») тақсим мешаванд.
Дар марҳилаи имрӯза ВАО воқеиятро на танҳо инъикос менамоянд, балки муҳити иттилоотии ҳаёти воқеии иҷтимоиро ташаккул медиҳанд. Ба ақидаи А. А. Юрков, муҳити иттилоотӣ маҷмӯи шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мавҷудияти ҷомеа мебошад, ки дар асоси воқеияти атроф тавлид мегардад ва мазмун, сохтори мавзӯӣ ва самти мақсадноки иттилооти оммаро ташкил медиҳад.
Муҳаққиқи дигар В. С. Кочетова бар ин назар аст, ки матн ҷузъи коммуникатсияи муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ба вуҷуд омадани имкониятҳои нави коммуникатсия, рақамикунонӣ, интернетизатсия, равандҳои конвергентӣ дар ВАО дар матнҳои нави мухобироти оммавӣ инъикос меёбанд. Навъҳои нави матнҳои PR пайваста пайдо мешаванд, ки кӯшишҳои ба низом даровардани онҳоро ба вуҷуд меоранд. Имрӯз гурӯҳбандӣ ё диверсификатсияи намудҳои матнҳои PR аз ҷониби аудиторияҳо ба назар мерасанд.
Кори таҳририя, пеш аз ҳама, ба хоҳиш ва рағбати хонандагони нашрия вобастагӣ мегирад. Ҳадаф ва вазифаҳои нашрия роҳҳои пешниҳоди иттилоотро муайян мекунад. Нашрия бо вазифаҳои дарозмуддат рӯ ба рӯ мешавад, ки одатан бо эҷоди симои мусоиди ширкат ва баланд бардоштани садоқати аудитория алоқаманд ҳастанд.
Матнҳои корпоративӣ набояд фикру ақидаро дар бораи ширкат таҳмил кунанд, балки пайваста барои андеша замина гузоранд. Азбаски ВАО-и корпоративӣ одатан ҳамчун воситаи таблиғот истифода намегардад, жанрҳо ва усулҳои таблиғотӣ набояд дар матнҳо корбаст гарданд. Зимнан, хусусиятҳои таблиғотиро на танҳо дар паём ва хоҳиши муштарӣ, балки дар паёми ширкатҳои ҳамкор низ ошкор кардан имконпазир аст. Ҳар як ширкат фалсафа ва фарҳанги корпоративии худро дорад. Инъикос ва шинохти дурусти онҳо барои ВАО-и корпоративӣ муҳим дониста мешавад. Онҳоро метавон шартан арзишҳои корпоративӣ номид.
Арзишҳо як воситаи муҳим барои ҷалби шарикон ва манбаъҳои маблағгузории иловагӣ мебошанд. Васоити корпоративӣ барои ширкатҳо дар пасманзари афзоиши мунтазами ниёз ба ҷараёни иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ заруранд. Ин намуди ВАО тасвири мукаммал ва маълумоти боэътимоди тасдиқшударо аз дохил пешкаш мекунад. Мақсади асосии матнҳои PR ҳам нигоҳ доштани мавқеи корхона ва дарки мусбати иттилоот мебошад. Яке аз хусусиятҳои муҳимми журналистикаи корпоративӣ дар он аст, ки онҳо ба аудиторияи худ нигаронида шудаанд. Рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои корпоративӣ кор мекунанд, ба ҷуз аз қонунҳои касбӣ ва стандартҳои байналмилалии ахлоқ, бо бисёр қоидаҳои дохилӣ, ҳуҷҷатҳо, гузоришҳо ва равандҳо шиносанд. Давраи интишори нашрия ба онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо натиҷаи кори худро пайгирӣ кунанд, балки бо коллективи меҳнатӣ иртиботи қавитар дошта бошанд ва муносибатҳои нави кориро ба роҳ монанд.
Як гурӯҳ муҳаққиқон, аз ҷумла А. Х. Азимов, бар ин назар ҳастанд, ки матбуоти корпоративӣ ҳамон матбуоти бисёртиража аст. Аслан чунин нест. Бояд дарк намуд, ки онҳо як навъи матбуот нестанд ва аз рӯйи хусусиятҳои типологӣ низ падидаи мураккаб мебошанд. Нашрияҳои «бисёртираж» дар низоми матбуоти ҳизбии шуравӣ дар зинаи поён қарор доштанд ва аз лиҳози мавзӯӣ аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ қариб фарқ намекарданд.
Имрӯз дар ҷаҳон ширкатҳо, корпоратсияҳо, бонкҳо, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва дигарон ВАО-и иттизодиявии худро доранд. Ҳамин тариқ, корпоратсияҳо уҳдадор маҷбур ҳастанд, ки муошират кунанд, бо ҷомеа дар иртибот бошанд ва на танҳо манфиатҳои тиҷоратии худ, балки манфиатҳои ҷомеаро низ ба инобат гиранд. Дар ин шароит нақши мутахассисони муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки барои коркард ва мутобиқ гардондани муносибати ширкат ва ҷамъият даъват шудаанд, хеле меафзояд. Нақши имиҷелогия низ ҳамчун формати эҷоди симои мусбати шахс ё хидмати мушаххас фаъолона афзоиш меёбад.
Яъне ин симои шахсияти мушаххас аст. Он метавонад мусбат бошад ва ё манфӣ, аммо дар зеҳни одамон тавассути воситаҳои гуногун ташаккул дода мешавад. Ба андешаи Я. Мейтленд, муҳимтарин стратегияи барқарорсозии эътимод ба бахши хусусӣ масъулияти иҷтимоии тиҷорат аст, ки ба муайян кардан, ҳалли мушкилоти воқеӣ ва манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор асос ёфтааст.
Андешаи муҳаққиқ М. Муродӣ низ қобили таваҷҷуҳ аст: «Дар ҷараёни таҳияи матн, журналист на танҳо аз воқеаҳо иттилоот медиҳад, балки онҳоро маънидод мекунад, лаҳзаҳои фарогирандаи олами воқеиро ба низом медарорад. Вазифаи асосии матни журналистӣ расонидани иттилоот ба мардум аст. Иттилоот бояд нав, муҳим ва молики аҳаммияти иҷтимоӣ бошад. Ҳамчунин саривақт ба омма расонида шавад».
Забони англисӣ ва технологияҳои компютерӣ дар пайдоиши муҳити виртуалӣ, аз ҷумла сомонаҳои корпоративӣ нақши хоса бозидааст. Тасодуфӣ нест, ки таҳқиқоти зиёде оид ба хусусиятҳои муоширати миёнаравӣ бо компютер (аз забони англисӣ – Computer-mediated communication) дар заминаи Корпоратсияи миллии забоншиносии Бритониё сурат гирифтааст. Барои омӯхтани хусусиятҳои забонӣ ва тамоюлҳои асосии сохтори иттилоот дар сомонаҳои расмии корпоратсияҳо сомонаҳои корпоративии англисизабони ширкатҳои машҳури Microsoft, Worldwide Home, Intel, McDonalds баррасӣ мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки вазифаи асосии ҳама гуна иртибот бо ВАО ҷалби таваҷҷуҳ ба ширкат аст. Амалҳои нодуруст тарҳрезигардида метавонанд ба қобилияти ширкат барои бомуваффақият иҷро кардани уҳдадориҳояш дар оянда таъсир расонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми банақшагирии чорабинӣ, зарур аст, ки ҳадафи он аниқ муайян карда шавад. Муҳаққиқ Брекенридж Д. дар китоби худ «PR 2. 0: новые медиа, новые аудитории, новые инструменты» менависад: «Ҳангоми таҳлили низоми ВАО-и корпоративӣ ҳамчун ҷузъи таркибии васоити ахбори омма наметавон ба тавсифи матни PR таваҷҷуҳ накард. Аввалан, матни PR бо назардошти манфиатҳои ширкат омода карда шудааст. Аз ин рӯ, дар аксари ҳолатҳо он номуайяниро дар назар дорад. Матни PR бо надоштани муаллиф фарқ мекунад. Баъдан, фарқи асосии матни PR аз дигар матнҳо ва ҳадафи умдаи он нигоҳ доштани мавқеи корпоратсия ва дарки мусбати ҳадафҳои он мебошад».
Мо ба хулосае меоем, ки дар низоми ВАО-и корпоративии Тоҷикистон матнҳои PR як қатор вазифаҳои муҳимро иҷро мекунанд. Ин, пеш аз ҳама, таҳияи матни PR оид ба манфиатҳои як ширкати мушаххас аст. Ғайр аз ин, ҳадафи матнҳои PR нигоҳ доштани мавқеи ташкилот ва дарки мусбати он мебошад. Барои он ки матнҳои PR ба аудитория таъсири амиқ расонад, бояд як қатор қоидаҳоро риоя намуд. Ба матнҳои PR низ хусусиятҳои услубӣ хосанд. Аз ин рӯ, арзёбӣ ва муқоисаҳое, ки дар матн оварда шудаанд, мавқеи корпоратсияро инъикос мекунанд. Хонанда бояд матнро дуруст аз нуқтаи назари ширкат қабул намояд.
И. Ҳамидиён
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»