Иқтибос аз Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонони Тоҷикистон
Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа фаъолияти муштаракро тақозо менамояд. Танҳо талошҳои якҷояи мо имконият медиҳанд, ки мушкилоти имрӯзаи ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи худи онҳо тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву
сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба манфиати рушди давлату ҷомеа ҳаллу фасл намоем. Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавии ҷавононро қабул надорем.
Шумо соҳибони ин Ватан ва ин сарзамин ҳастед ва кӯшиш кунед, ки ин миллат ва ин тамаддунро ба таври сазовор ҳифз ва муаррифӣ намоед. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Ҷавононе, ки Ватани худро воқеан дӯст медоранд ва ободи-ву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Мову шумо дар назди таърих вазифадор ҳастем, ки ба қадру манзалати Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол расем ва аз гузаштагони сарбаланду падару модарони худ дарси сабру таҳаммул, заҳмату ободкорӣ, ватандӯстиву мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзем.