Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Мулоқоти пайдарпайии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони кишвар, худ ба худ як навъ модели рушди сиёсати ҷавононро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ, ташкил медиҳад.
Мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакатро ба чанде аз омилҳои хос аҳамиятнок ва саривақтӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.
Якум, натиҷагирӣ ва ё арзёбии ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар давраи 33 соли Истиқлолияти давлатӣ. Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ ҷавононро ҳамчун гурӯҳи афзалиятноки иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирӣ қарор додааст.
Дуюм, баррасии натиҷанокии чораҳои андешидашуда байни мулоқотҳои васеъ бо ҷавонон. Охирон маротиба, чунин мулоқоти васеъҷанба бо ҷавонон 21 майи соли 2021 доир гардида буд, мувофиқан гурӯҳи дастурҳо барои баррасӣ ва иҷро манзури мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои дахлдор пешниҳод гардида буданд.
Сеюм, маълумотнок сохтани насли наврасу ҷавон ва таъкид намудани аҳли ҷомеа оид ба аҳамиятнокии ин неруи инсонӣ (ҷавонон) барои давлати тозабунёди Тоҷикистон ва зарурати татбиқи сиёсати ҷавонон ҳамчун воситаи устувори рушди ҷомеа.
Чорум, ҷалби ҷавонон барои фаъолнокӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва ҳамқадамӣ ба шароити ҷомеаи муосир, ҳамчунин, ташкили шароитҳои мусоид ҷиҳати ҳамгироии илму амал дар ҳошия рушди сиёсати ҷавонон.
Панҷум, расидан ба ҳадафи олӣ – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Дар робита ба ин, рушди сармояи инсонӣ, ки ҷойи аввалро ишғол менамояд, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Ҷавонон, ки аксарияти аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, қисми асосӣ ва муътамадӣ (пойдори) сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Зимнан, рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон ба рушди сармояи инсонӣ боис гардида, бо ин васила ба рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо метавонад гузорад.
Бояд зикр намуд, ки маводи мазкур маҳз бо дарназардошти омилҳои болозикр «Рушди устувори сиёсати ҷавонон» ном гирифтааст.
Албатта, тафовути байни мафҳумои «рушд» ва «рушди устувор» ҷой дорад. Амалу муносибатҳое, ки рушди онҳо ба нақша гирифта мешавад, онҳо танназул (поёнравӣ, коҳиш) низ, дошта метавонанд, аммо амалу муносибатҳое, ки бо дарназардошти таъмини рушди устувор пешбинӣ шудаанд, танназул дошта наметавонанд, ба истиснои ҳолатҳои фавқулода (ки аз инсон вобастагӣ надорад). Яъне, рушди устувор инкишофи муътадил, доимоафзоишёбӣ ва таҳкимёбиро фаро мегирад.
Аз ин лиҳоз, банақшагирии ҳадафҳо бо нишондиҳандаи «рушди устувор» заҳмати зиёд, ба монанди таҳлили амиқ, асосноккунии илмӣ, корҳои озмоишӣ, банақшагирии стратегӣ, баҳогузории иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Президенти кишвар зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони мамлакат, ки 21 майи соли 2021 баргузор гардида буд паҳлуҳои мухталиф ва аҳамиятноки сиёсати ҷавононро баррасӣ намуда, амалӣ гардонидани маҷмӯи тадбирҳоро ба субъектҳои дахлдор вазифагузорӣ карданд.
Ҳар як масъалае, ки Пешвои миллат таҳлил намуданд, барномаи занҷирмонандеро ифода менамоянд, ки татбиқи саривақтии онҳо рушди муътадили соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва умуман ҳамаи соҳаҳои идоракунии иҷтимоию иқтисодиро таъмин менамояд.
Сарвари давлат дар ибтидои баромад иброз намуда буданд, ки: «… (соҳаи) кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд».
Зимни шиносоӣ бо таърихи ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон, дар воқеъ, зери таваҷҷуҳи хосса қарор доштани ҷавонон ба таври возеҳ айён мегардад. Мисол, ҳамагӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон вохӯрӣ менамоянд ва масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ё ин ки 13 марти соли 1992, пас аз 6 моҳи Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул мегардад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳнокӣ боиси он гардид, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон пешқадам гардад ва дар ин росто лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногунҷанба таҳия ва амалӣ карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷавонон мавқеи хосса дошта, ҳамеша дар саргаҳи муносибатҳои идоракунӣ қарор доранд, ки ин ба ибтикороти зиёди баҳри дастгирии ҷавонон пиёдагардида замина меёбад.
Президенти кишвар вобаста ба сатҳи маърифатнокии ҷавонон чунин иброз менамоянд: «Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем».
Дар ҳақиқат Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали сарварӣ аз насли ҷавон омӯхтани илму донишро тақозо менамоянд. Имрӯз низ, баръало маълум аст, – пешрафту тараққиёт дар ҳамон кишварҳое ҳукмфармо аст, ки иқтидори зеҳнии ҷамъияташон устувор аст, наврасон ва ҷавонон бештар ба омӯхтани илму техника мароқ доранд ва мавзуи рақобати онҳо навовариҳои техникӣ ва эҷоди илму адаб аст.
Ба сифати вазифаи муҳимми давлат арзёбӣ намудани масъала оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо ба он асос меёбад, ки имрӯз субъектҳои дахлдорро, аз ҷумла сохторҳои кор бо ҷавонон ва соҳаи илму пажуҳишро мебояд самти фаъолиятро дар робита ба такмили зеҳн ва ё тафакури наврасону ҷавонон тағйир диҳанд, ба талаботи ҷомеаи муосир ва пеш аз ҳама ба иқтидори зеҳнии худи ҷавонон мутобиқ гардонанд.
Дар ин ҷо, сабабҳое чанд, албатта, мавҷуд аст, мисол: норасоии маблағ. Зимнан, аз таҷрибаи соҳаи роҳсозӣ ва энергетика, ҳамчунин фаъолияти бонкӣ (бахши хусусӣ) метавон хулоса намуд, ки – чи тавре Пешвои миллат иброз менамоянд, агар завқу хоҳиш бошад, пас метавон лоиҳаҳои хуби сармоягузорӣ ва ё грантӣ таҳия намуда, ба ин самти фаъолият, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму техника, маблағҳои зиёди дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ ва амалӣ намуд.
Дигар масъалае, ки мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст, ин ҳавасмандгардонии ҷавонон барои фаъолнокӣ дар омӯхтани илму дониш тавассути стипендияҳои президентӣ ва квотаҳо мебошад. Дар робита ба ин зарур аст, ки дар пайравӣ ба ибтикороти Президенти мамлакат стипендияҳои номӣ, унвонӣ ва махсус таъсис дода шаванд, то ин ки шумораи зиёди ҷавонон ба омӯхтани илму дониш талош варзанд. Зимнан, зарур аст, ки низоми ташкили озмун барои дарёфти стипендияҳои мазкур бо дарназардошти технологияҳои иттилоотӣ, ба монанди Маркази миллии тестӣ, муносиб ва дастрас, ҳамчунин барои синну соли аз 9 сола боло амалӣ карда шавад. Яъне, бидуни таъсири субъективӣ ва бо таъмини адолатнокӣ; бигузор шахси ҷавони лаёқатманд мустақилона ба ин намуди ҳавасмандгардонӣ дастёб гардад. Ҳамзамон, ин механизм имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бештар машғул гарданд, ки ба мақсад мувофиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, насли ҷавонон сармояи устувор дар роҳи бунёди ҷомеа буда, таваҷҷуҳи хосса ва доимӣ, таълиму тарбияи комил ва роҳнамоӣ метавонад онҳоро ба захира ва ё сарвати тиллоии миллат табдил диҳад.
Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди қаввӣ доранд, ба онҳо мансабҳои олии давлатиро вогузор менамоянд, зимнан шароитҳои алоқамандро фароҳам овардаанд. Ҷавононро, дар навбати худ, мебояд бар ивази ин ғамхорию дастгириҳо пайрави асили Пешвои миллат буда, малакаю дониши худро сайқал дода, ташаббускорию навовариро самти ҳаёту фаъолият ихтиёр намуда, ба амалсозии ғояҳои созанда талош варзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии худро бо ҷавонон чунин ҷамъбаст менамоянд: «Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед». Чуноне ки дар боло иброз гардид, рисолати фарди ҷавон ватансозист ва месазад, ки ҳар як узви ҷомеа мавриди назар кардан ба насли наврасу ҷавон, дар симои онҳо созандагони ояндаро бинанд ва барои бунёди ояндаи уствор имрӯз саҳмгузорӣ намоянд.
Раҷабализода Самандар,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав