Васоити ахбори оммаи интернетӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фазои медиавии муосир гаштаанд. Навъҳо ва шаклҳои пешниҳод кардани иттилоот пайваста такмил меёбанд, то ба ниёзҳои тамошобинон, шунавандагону хонандагон ва тағйироти технологӣ мутобиқ гарданд. Вобаста ба пешниҳоди иттилоот коршиносон онҳоро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
1. Порталҳои (сомонаҳои) хабарӣ;
2. Нашрияҳои таҳлилӣ;
3. Манбаъҳои фароғатӣ;
4. Блогҳо ва платформаҳои муаллифӣ;
5. Агрегаторҳои хабарӣ.
Сомонаҳои хабарӣ ба истифодабарандагон иттилооти фавриро дар бораи рӯйдодҳои дохили Тоҷикистон ва берун аз онро пешниҳод мекунанд. Онҳо зуд навсозӣ шуда, доираи васеи мавзуъҳоро, аз қабили сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илм, варзиш ва ғайраро фаро мегиранд. Ба ин мисол шуда метавонад сомонаи https://khovar.tj, https://pressa.tj, https://asiaplus.info, https://ozodi.org ва ғайра. Инчунин, ҳама рӯзномаҳо дар интернет сомона ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд, ки ба пахши хабар равона шудаанд.
Сомонаҳои хабарие, ки дар боло овардем, бо услуби хоса ва бо забонҳои гуногун маводашонро пахш мекунанд. Масалан, сомонаи хабарии https://khovar.tj бо панҷ – забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва форсӣ, сомонаи https://pressa.tj бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ, сомонаи https://asiaplus.info бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, сомонаи https://ozodi.org бошад бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иттилоотро ба хонандагон мерасонанд. Ҳар яке аз ин сомонаҳо қариб ҳар соат хабару гузориш пахш мекунанд.
Мувофиқи таснифот навъи дигар нашрияҳои таҳлилӣ ном дорад, ки таваҷҷуҳи онҳо ба таҳлили амиқ ва андешаҳои коршиносон равона шудааст. Дар ин ҷо на суръати нашр, балки сифати таҳлил ва дақиқии далелҳо муҳим аст. Бар хилофи расонаҳои хабарии анъанавӣ, ки хабарҳои фаврӣ нашр мекунанд, нашрияҳои таҳлилӣ бештар ба тафсир, омӯзиши равандҳо ва шарҳи коршиносон такя мекунанд. Таҳлили амиқи воқеаҳо, истифодаи манбаъҳои гуногун, андешаҳои коршиносон, мақолаҳои тулонӣ ва ҷиддӣ, ғояҳо ва пешгӯиҳо аз хусусиятҳои нашрияҳои таҳлилӣ мебошанд. Дар зер якчанд намунаи нашрияҳои таҳлилиро меорем.
Нашрияҳои таҳлилии сатҳи байналмилалӣ: The Economist – таҳлили иқтисодӣ ва сиёсӣ, Foreign Affairs – муносибатҳои байналмилалӣ, The New Yorker – таҳқиқоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, The Atlantic – сиёсат ва ҷомеа.
Нашрияҳои таҳлилии кишварҳои русзабон: Коммерсантъ – таҳлили иқтисод ва сиёсат, РБК (РосБизнесКонсалтинг) – таҳлилҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, Медуза – таҳлил ва журналистикаи мустақил, The Bell – масъалаҳои тиҷорат ва сиёсати иқтисодӣ.
Нашрияҳои таҳлилии Тоҷикистон: Asia-Plus – таҳлили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Faraj.tj – баррасии сиёсат ва ҷомеа ва Khovar.tj – таҳлили хабарҳои расмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Ҳангоми таҳияи матолиб рӯзноманигорро мебояд ба омӯзиши далелҳо аз сарчашмаҳои мухталиф ва муқоисаи маълумот, иштироки мутахассисон ва таҳлилгарон дар таҳияи матолиб, матолибе, ки ҷузъиёти воқеа ва паёмадҳои эҳтимолии онро дар бар мегиранд ва баррасии эҳтимоли рушд ё тағйироти ҳодисаҳоро дар оянда ба назар гирад.
Нашрияҳои таҳлилӣ барои хонандагоне пешбинӣ шудаанд, ки мехоҳанд, мавзуъҳои муҳимро бо назари амиқ ва дақиқтар дарк намоянд.
Навъи дигар ин манбаъҳои фароғатӣ мебошад. Ин платформаҳо барои фароғати истифодабарандагон тарҳрезӣ шудаанд, аз ҷумла мемҳо, викторинаҳо, матолиби тафреҳӣ ва мақолаҳои муфассал. Манбаъҳои фароғатӣ категорияи махсуси васоити ахбори оммаи интернетӣ мебошанд, ки ҳадафи асосии онҳо таъмин намудани вақтхушӣ ва фароғати аудитория мебошад. Ин манбаъҳо аз хабарҳои ҷиддӣ фарқ дошта, бештар мавзуъҳои сабук, шавқовар ва интерактивиро дар бар мегиранд.
Хусусиятҳои асосии манбаъҳои фароғатӣ:
Мундариҷаи сабук ва шавқовар – мақолаҳо, видеоҳо, подкастҳо ва аксҳо, ки бо мақсади шод кардани аудитория омода мешаванд.
Шаклҳои гуногуни пешниҳоди маълумот – матолиб дар шакли видеоблогҳо, мемҳо, викторинаҳо, рӯйхатҳо, мақолаҳои шавқовар ва ғайра нашр мешаванд.
Муносибат бо аудитория – истифодабарандагон метавонанд шарҳ гузоранд, лайк монанд ё маводро ба дӯстонашон равон кунанд.
Равона ба аудиторияи васеъ – барои одамони синну соли гуногун ва бо завқҳои гуногун мундариҷа омода мешавад.
Фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ – аксари ин расонаҳо тавассути Facebook, Instagram, TikTok, Twitter ва YouTube мундариҷаро паҳн мекунанд.
Манбаъҳои фароғатӣ қисми муҳимми интернет-расонаҳо мебошанд, ки ба тамошобинон ва хонандагон имконияти истироҳат ва ҳаловат бурданро медиҳанд. Бо дастрас гаштани интернет ба омма шабакаҳои YouTube, TikTok ва саҳифаҳои Instagram хеле зиёд шудаанд. Дар Тоҷикистон ин ду шабака тамошобини зиёд дорад. Гарчанде расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ низ саҳифаҳои худро доранд, вале тамошобинони саҳифаву каналҳои фароғатӣ мухлису тамошобини зиёд дорад. Аксарият соҳибони каналҳо ва саҳифаҳои инстаграм одамони тасодуфӣ буда, аз одитарин қоидаҳои рӯзноманигорӣ бехабаранд.
Навъи дигар дар ин таснифот блогҳо ва платформаҳои муаллифӣ мебошад. Муаллифон дар ин ҷо мустақилона матн эҷод мекунанд, аксар вақт ақидаи шахсиро баён мекунанд ё мақолаҳои коршиносӣ нашр менамоянд. Блогҳо ва платформаҳои муаллифӣ расонаҳои интернетие мебошанд, ки аз ҷониби шахсони алоҳида (блогерон) ё гурӯҳҳои хурд таҳия ва идора мешаванд. Ин платформаҳо ба ифодаи шахсӣ, таҳлили мустақилона ва муҳокимаи мавзуъҳои гуногун равона шудаанд. Ин навъ хусусиятҳои хоси худро дорад. Масалан, мундариҷаи шахсӣ ва беназир, яъне матлаб бо назари шахсӣ ва сабки хоси муаллиф пешниҳод мешавад; Озодии ифода – блогерон бе маҳдудиятҳои сахти расонаҳои анъанавӣ озодона фикрҳои худро баён мекунанд; Муоширати мустақим бо аудитория – блогерон метавонанд тавассути шарҳҳо, паёмҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо пайравонашон иртибот дошта бошанд; Истифодаи васеи василаҳои расонаӣ – блогҳо метавонанд матн, тасвир, видео, подкаст ва дигар форматҳоро дар бар гиранд.
Дар даҳсолаи аввали рушди интернет блогнависон дар wordpress.com ё blogger.com саҳифа доштанд. Имрӯзҳо истифодабарандаи интернет фаъолияти блогериро танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ медонад. Дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии facebook, Instagram, tiktok ва youtube маъруфият доранд. Албатта, дар инҳо муҳтавои мавод як хел пахш намешавад. YouTube платформаи асосӣ барои видеоблогерҳо мебошад. TikTok видеои кӯтоҳ ва интерактивиро дар бар мегирад. Дар Instagram блогнависӣ бо истифодаи акс ва видео сурат мегирад. Дар Facebook бошад навишторҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ҷой карда мешавад, албатта, дар он аксу видео низ гузошта мешавад.
Блогҳо ва платформаҳои муаллифӣ қисми муҳимми интернет-расонаҳо мебошанд, ки ба шахсон имконияти озодона ифода кардани андешаҳои худро медиҳанд. Бо пешрафти технология, онҳо бештар гуногуншакл ва интерактивӣ мешаванд. Навъи дигар агрегаторҳои хабарӣ мебошад. Агрегаторҳои хабарӣ платформаҳои интернетие мебошанд, ки маълумоти хабариро аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъоварӣ ва нашр мекунанд. Бар хилофи нашрияҳои анъанавӣ, ки мустақилона хабар таҳия мекунанд, агрегаторҳо хабарҳоро аз сомонаҳои мухталиф гирд оварда, ба истифодабарандагон пешниҳод менамоянд. Бузургтарин агрегаторҳои ҷаҳонӣ инҳоянд: Google News, Yahoo News, Bing News. Дар баробари ин барои аудиторияи русзабон агрегатори хабарии Mail.ru, Yandex.ru (dzen.ru) дар фазои интернетӣ фаъолият мекунанд.
Дар Тоҷикистон агрегаторҳои хабарӣ то ҳол он қадар рушд накардаанд, вале баъзе сомонаҳо хабарҳоро аз манбаъҳои гуногун пешниҳод мекунанд:
1. Khovar.tj – хабаргузории давлатии Тоҷикистон.
2. Asia-Plus.tj – ҷамъоварии ахбори дохилӣ ва байналмилалӣ.
3. Sputnik Tajikistan – хабарҳои байналмилалӣ бо таъкид ба Осиёи Марказӣ.
Агрегаторҳои хабарӣ барои онҳое муфиданд, ки мехоҳанд хабарҳоро аз манбаъҳои гуногун дар як ҷо бинанд. Онҳо вақти истифодабарандагонро сарфа намуда, имконият медиҳанд, ки маълумоти актуалиро зуд дастрас кунанд.
Ин сомонаҳо иттилоотро аз манбаъҳои гуногун ҷамъоварӣ карда, хати хабарии фардиро барои истифодабарандагон ташаккул медиҳанд.
Хулоса, типологияи васоити ахбори оммаи интернетӣ пайваста такмил ёфта, ба ниёзҳои аудитория ва навовариҳои технологӣ мутобиқ мегардад. Шаклҳои омехта, мундариҷаи фардӣ ва форматҳои мултимедиявӣ беш аз пеш талаботи аудиторияро қонеъ мегардонанд ва як насли нави расонаҳои рақамиро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, мо равишҳои асосиро ба типологияи расонаҳои интернетии муосир баррасӣ намудем, аммо ин таснифот шояд мукаммал набошад, чунки бо баррасии масъалаи типология ва мушкилоти муайян кардани манбаъҳои интернетӣ, ки ба ВАО тааллуқ доранд, инчунин, бояд таърихи рушди ВАО-и онлайнӣ ва таърихи рушди Интернетро пайгирӣ кард, зеро ин масъалаҳо бо ҳам алоқамандӣ доранд.
Ҳ. Сафаров
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»