Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
Устодон ва ҷавонони гиромиқадр!
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ ва пешрафту ободонии мамлакат бештар гардидааст.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвар далели таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ҷавонон аст. Маҳз, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирӣ аз ҷавонони кишвар буд, ки имрӯз онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мақому манзалати хоссаро касб намудаанд ва дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва корҳои муҳимми ҷамъиятӣ нақши пешбарро доранд.
Пешвои миллат ҷавононро неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат медонанд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии онҳо чораҳои муассир меандешанд.
Дар марҳилаи рушди Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ таваҷҷуҳи бештар ба соҳаҳои илму маориф, равона гардидааст, зеро маҳз ҷавонони дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосирдошта, метавонанд муаррифгари кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ бошанд.
Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош буда, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои таҳсил ва фароғати наздики 20 ҳазор нафар донишҷӯён аз ноҳияҳои дуру наздики мамлакат ва кишварҳои хориҷ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Айни ҳол дар донишгоҳ 486 нафар ҷавонон тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. 60%-и донишҷӯёни таҳсилоти рӯзонаи донишгоҳ аз буҷети давлат стипендия мегиранд. Инчунин, 8 нафар донишҷӯён стипендияи Президентӣ, 15 нафар стипендияи раиси шаҳри Бохтар, 10 нафар стипендияи Иттифоқи касабаи донишгоҳро сазовор гаштаанд.
Соҳаи дигаре, ки ҷавонони донишгоҳ дар он муваффақиятҳои назаррас доранд, ин соҳаи илм мебошад. Фақат дар панҷ моҳи соли 2025 13 нафар омӯзгорони ҷавони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳо шуданд.
Ҳозирини гиромӣ
Имрӯзҳо муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди ҷавонон қарор доранд, ин дарки моҳияти истиқлоли давлатӣ, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз қабили муқаддасоти давлатӣ, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат мебошанд.
Пешвои миллат дар мулоқотҳояш бевосита таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯза қарор гиранд. Дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.
Итминони комил дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо ҷавонони азиз – устодон ва донишҷӯёни сарбаландро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, барои Шумо фазои сулҳу осоиш, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавиро орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонон муборак!