Таърих гувоҳи он аст, ки бе дастгирии ҷамъиятии ҷавонон пойдор мондани ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ягона, дастовардҳои инсоният дар соҳаҳои мухталиф ғайриимкон аст. Аз ин рў, ҷавонони босаодати Тоҷикистони азизро мебояд, дасти ҳам гирифта, дар ободонию шукуфоии ватани худ аз пештара бештар ҷаҳд намоянд.
Ҷавонон дар ҷомеа қувваи бузург маҳсуб меёбанд ва ҳамзамон дар амалишавии сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз доранд. Имрўз Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонони кишвар таваҷҷуҳ ва эътимоди зиёд доранд. Мо, ҷавононро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат илму дониши худро мукаммал намуда, баҳри пешрафту рушди арзишҳои моддию маънавӣ, инчунин боз ҳам мустаҳкам сохтани пояи истиқлолияти кишварамон ва ваҳдати ҳамешагии он саҳми арзандаи хешро гузорем.
Албатта дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони фаъол вобаста ба имконоти мавҷуда ҳадафҳои тақдирсоз, таҳкими амнияту оромии мамлакатро пеш гирифта, Тоҷикистони азизро дар баробари дигар мамлакатҳои пештафтаи дунё ҷойгузин менамоянд. Ин аст, ки пайваста тавассути васоити ахбори омма огоҳ мешавем, ки қисмати зиёди ҷавонон пайи омўзиши илму дониш буда, ҳар лаҳзаву ҳар соат кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ғолибияти худ дар арсаи байналмилалӣ боиси парафшонии Парчам ва садо додани Суруди миллӣ бошанд.
Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баҳри илмомўзии ҷавонон шароитҳои беҳтарро фароҳам оварда истодаанд. Мо талош меварзем, ки нерубахши ояндаи миллати худ бошем. Ватани маҳбуби худро ба ҷаҳониён чун миллати таъриху фарҳанги ғанидошта ва ташаббускор муаррифӣ намоем.
Саидшоҳ Холов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
