Дар факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор карда шуд.
Дар конференсияи мазкур мудирони таҷрибаомӯзии педагогии донишгоҳ дотсент Ҳасанов Ш.Р. ва Холматов С., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Садриддини А., муовини декан оид ба таълим Муҳаммадзода Б.М., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Қаландаров С. ва дигар мушовирону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар рафти конферкнсия иштирокдорон аз кори таҷрибаомӯзон дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки таҷрибаомӯзии имсола аз солҳои пешин ба куллӣ фарқ дошт.
Дар охир ба таҷрибаомӯзони фаъол ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои садорати факултет ва муассисаҳои таълимӣ тақдим карда шуд.

