– Вақте ки ба ҳайси сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин шудам, омӯхтам, ки бо кадом роҳ метавонам мавқеи донишгоҳро миёни ҷомеа муаррифӣ намоям. Талош кардам, ки равандҳои интиқоли иттилоотро на танҳо муассир, балки муосир низ созам. Барои расонидани иттилооти дақиқ ва саривақтӣ ба ҷомеа, чанд иқдоми муҳимро ба роҳ мондам.
Аввалан, фаъолияти Марказро ба таври густурда ба шабакаҳои иҷтимоӣ баровардем.
Саҳифаҳои донишгоҳ дар Facebook ва YouTube мунтазам нав карда мешуданд. Ин шабакаҳо барои паҳн кардани хабарҳои фаврӣ, эълонҳо ва рӯйдодҳои муҳим нақши калидӣ бозиданд.
Ҳамин таҷриба нишон дод, ки бо истифодаи дуруст аз захираҳои инсонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои муосири иттилоот, ҳатто як муассисаи таълимӣ метавонад ба як манбаи боэътимоди иттилоот хизмат кунад.
– То куҷо муҳити илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар барои рушди як пажӯҳишгари ҷавон мусоид аст?
– Муҳити илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар солҳои охир ба таври назаррас рушд ёфтааст ва шароити мусоид барои пажӯҳишгарони ҷавон фароҳам оварда шудааст.
Дар донишгоҳ олимон ва устодоне фаъолият доранд, ки на танҳо дар таҳқиқот пешсафанд, балки омодаанд бо ҷавонон ҳамкорӣ кунанд ва маслиҳатҳои амалӣ диҳанд.
Мунтазам баргузор шудани маҳфилҳои илмии факултаҳо, ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, озмунҳо ва форумҳо барои донишҷӯён ва магистрантон шароити хуби муаррифии корҳои илмӣ ва такмили малака фароҳам меорад.