Дар доираи нақша-чорабиниҳои Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка ва шоҳмот байни донишҷӯён бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Мусобиқаро раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ Шарипов Маҳмадкарим ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки мақсад аз баргузории чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама ин тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию рукнҳои давлатдорӣ миёни ҷавонон, устувор намудани робитаҳои дӯстию рафоқат миёни донишҷӯён мебошад.
Мусобиқа бо рақобати шадид ва рӯҳияи баланди варзишӣ сурат гирифт, ки донишҷӯён маҳорати худро бо шавқу завқ намоиш дода, дар охир ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қадрдонӣ шуданд.



