Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар, ҳамчун фарзандони ин сарзамини биҳиштосо, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандаи роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки мо Ватани ободу зебо дорем ва номи муқаддаси он Тоҷикистон аст, ки баҳри ҳифзи ҳар ваҷаб хоки поки он ва барои миллати азизи хеш ҳастии худ, ҷони худ ва тамоми вуҷуди худро мебахшем.
Имрӯз мо – насли хушбахти замон, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб, дар қалбу шуур ва ҷисму ҷони худ меҳри ин Ватанро парварида шукрона мегӯем, ки чунин Пешвои миллат дорем.
Маҳз мактаби башардӯстона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ватандориву ватансозиро омӯхтем ва имрӯз атрофи мафҳумҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дили гарм ва муҳаббати фарзандона сухан мекунему баҳри ободиву гул-гулшукуфоии он талош меварзем.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Тоҷикистони азизи мо ватани ҷавонӣ ва шодиву сурур асту бо фарҳангу тамаддун, анъанаву суннатҳои нек ва урфу одатҳои наҷиб дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари афсонавӣ муаррифӣ гардидааст.
Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои муҳими инкишофи устувории давлат ва пешрафти ҷомеа истифода аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон ба нерӯи созандаи ҷавонон такя намуда, барои омӯзиши насли ҷавон аз тамоми имконияту шароит истифода мебаранд.
Аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудани ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат, нерӯи пешбаранда ва қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа ва 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ идомабахши ҳадафҳои олии кишвар мебошанд.
Ба муносибати ин санаи муҳим ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гардида, дар доираи он ҷавонони хушзавқи диёр шодию нишот ва хушбахтиву хушнудӣ доранд ва ин ҳамаро яке аз шахсони ҷавондӯсту ҷавонпарвар, дастгиру ғамхори ҷавонон, Президенти азизи мардуми тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо сохтаанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони шарафманди диёри маҳбуб дар вуҷуди худ эҳсоси гарми ватандӯстиро парварида, чун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои арзанда менамоянд.
Давлатбекзода Вайсиддин,
омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти ибтидоӣ