Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ҳамаи ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаашон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:
«…Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.
Ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад».