Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик чунин таъкид намуда буданд: «Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Воқеан, воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки дар рушду нумуи кишвар ва ҷомеа нақши бориз доранд.
Тибқи маълумотҳои омории солҳои охир дар ҷумҳурӣ 376 рӯзнома, аз ҷумла, 112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла, 114 адад давлатӣ ва 131 адад ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла, 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 49 телевизион, аз он 13-то давлатӣ ва 33-тоаш ғайридавлатӣ, 32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22- то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад. «Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт-матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».
Имрӯз ба теъдоди нарияҳои даврӣ ва ВЭА таваҷҷуҳ намуда, давраҳои гуногуни таъсис ва рушди онро ёдрас менамоем, ки ба солгарди матбуоти тоҷик имсол 113 сол пур мешавад ва дар саргаҳи он нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» меистад. «Бухорои Шариф» 11 марти соли 2012 руйи чоп омада буд. Агар «Бухорои Шариф» аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бошад, пас «Иди тоҷик» аввалин нашрияи даврӣ ба ҳисоб меравад ва дар давоми солҳои гуногун ба «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» тағйири ном намуда, имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад. «Ҷумҳурият» имсол 100 сола шуд. Дар давоми ин солҳо матбуоти тоҷик таъсис, ташаккул ёфт ва дар ин роҳ бо таҳаввулотҳои гуногун рӯ ба рӯ гардид, ки маҳз барои рушди минбаъдаи он мусоидат намуд. Аз ин рӯ ду даҳсолаи охир матбуоти тоҷик таҳаввулоти навбатиро, ки хислати шаклию мундариҷавӣ ва жанрӣ дорад аз сар мегузаронад ва ба андешаи муҳаққиқони соҳа ин падидаи маъмулист. Аз ҳамин нуқтаи назар ба таҳаввули ВАО, ки сабаби он рушди технология ва фарогирии бемайлони Интернет мебошад, вазъи матбуоти даврӣ дар ин марҳила таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб намуда, дар фазои илмӣ ва журналистии Тоҷикистон муҳаққиқоне чун И.К. Усмонов, М.Муродӣ, Ҷ. Муқим, Н. Бозорзода, С.Гулов, Р. Бобоҷониён А.Ҳ. Қудбиддинов, Қ. Мухторӣ, Н. К. Усманова, И. Ҳамидиён, Ф.Низом ва аз муҳаққиқони рус П. Прохоров, А.А. Тертичный, Д.Е. Фомичёва, Калмиков, Пак Е. М. ва ғ. дар доираи таҳқоқотҳои илмӣ мулоҳизаронӣ намудаанд.
Дар шароити рушди технологияи муосир тамоми нашрияҳои кишвар дар ду шакл-сомона ва ҳамзамон дар шакли чопӣ фаъолият менамояд ва фаъолияти онҳо якранг нест. Ба ин мазмун аз муҳиммият ва аҳаммияти сомона муҳаққиқони соҳа И.Усмонов ва Р. Бобоҷонова қайд менамоянд, ки «сомонаҳо бевосита намунаҳои воситаҳои ахборе ҳастанд ё худашон ҳамчун сомонаи хоси интернетӣ ба қайд гирифта шудаанд ё намунаи як агентии хабаррасонӣ мебошанд». Ин маънои онро дорад, ки чунин сомонаҳо дорои мансубияти молӣ, соҳиби нишона ва шиноснома ҳастанд. «Ба навиштаҳои дигари интернетӣ, ки соф журналистика нест, ба як нафар мансуб буданро ифода мекунад». Ҳар кас метавонад интернетро чун воситаи паҳн кардани фикр ва ақидаи худаш истифода барад. Вай алабатта журналист нест дониши журналистӣ надорад, вале навишта метавонад.
Мафҳуми сомона асосан ҳамрадифи калимаи ангилисии site (сайт) буда, маънои аслиаш мавзеи (макони) зист аст. Сомона ҳамчун вебсафҳаи алоҳида метавонад ҳамагӣ аз сафҳачаи одии матнӣ иборат бошад ё ҳамагӣ як расмро дар бар гирад ва ё ҳамчун сохтори мураккаби барномавӣ аз садҳо ва ҳазорҳо вебсафҳаҳои ба ҳам алоқаманд иборат бошад, ки бо истифода аз истинодҳо байни ин сафҳаҳо дар Интернет сайри иттилоотӣ кардан мумкин аст. Вақте сафҳаи интернетӣ мегӯянд, сомона дар назар дошта шудааст.
Таҳти як ном ва суроғаи ягона дар шабакаи саросарии компютерии Интернет муттаҳид сохтани миқдори муайяни вебсафҳаҳои сарлавҳадори алоҳидаро сомона мегӯянд.
Сомона аз рӯйи фарогирии ҳаҷми иттилоот, мавзӯъ ва вазифаҳои бар дӯш гирифтаашон шакл ва навъҳои гуногун дошта метавонанд.
«Бо пайдоиши Интернет ВАО-и усули нав-газетаи электронӣ (интернетӣ) ба вуҷуд омад» [5, с. 40]. Дар давоми ду даҳсолаи охир матбуоти даврии мо ба ғайр аз нашрияи «Вечёрка», ки формати онлайнӣ дорад, боқимонда нашрияҳои мо дар ду шакл-ҳам анъанавӣ-чопӣ ва ҳам дар шакли сомона фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Ба монанди рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народное газета», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия плюс», «Тоҷикистон», «СССР», «Фараж» ва ғ. Ба ғайр аз ВАО-и давлатию мустақил дар фазои иттилоотии кишвар ВАО-и хориҷӣ фаъолият менамоянд ва фаъолияти онҳо дар шакли сомона низ бештар ба назар мерасад. «Яке аз махсусиятҳои газетаҳои онлайнӣ фаврият аст» Фаврият воқеан ҳам яке аз хусусиятҳои асосии журналистика ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар шароити кунунӣ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо як сония ақиб мондан аллакай чашмрас ба шумор меравад. Имконияти ба таври фаврӣ баррассӣ намудани дилхоҳ масъларо интернет-газета имконияти ба ҷо овардан дорад».
Истифода аз имкониятҳои интернет оҳиста-оҳиста истилоҳҳои наверо ба журналистикаи назариявию амалии тоҷик ворид намуд, ки мавриди таҳқиқу омӯзиши муҳаққиқон қарор мегирад. Ба монанди истилоҳҳое чун журналистикаи интернетӣ, мултимедиявӣ, конвергентӣ, иммерсивӣ, дата- журналистика, журналистикаи шаҳрвандӣ ва ғайраву ва ҳоказо. Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки дар Амрико қариб панҷ сол пеш таҷрибаи журналистикаи автоматикунонидашударо дида баромаданд ва мақсад аз он иборат буд, ки миёни аудитория ва воқеа бояд миёнарав, яъне журналист набояд бошад. Ин воқеаро аудитория худаш бинад ва ба таври худаш мулоҳиза намояд. Вале ин андеша ва мавқеи мазкурро баъзе кишварҳо қабул надоштанд. Аз ҷумла дар Россия муҳаққиқон бар он назар шуданд ва исбот низ намуданд, ки журналист роҳнамои аудитория аст ва бе кумакӣ ӯ роҳгум задани аудитория дар назар аст. Дар маҷмуъ муҳақиқон бар он назаранд, ки ҳар яке аз ин истилоҳҳо вобаста ба навъ имконияти бо тарзи нав ё гуногун пешниҳод намудани маводро барои журналист фароҳам меорад ё ба таври дигар мафҳуми журналитсикаи чандрасонаиро пур мекунад, ки матбуоти даврӣ имрӯз ба ин шакл бештар такя менамоянд. Яъне дар баробари истифодаи матн ҳамзамон аз акс, навор, аудио ва дигар имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд. Ин форматҳо дар алоҳидагӣ ё омехтагӣ дар матбуоти интернетӣ аслан ба назар мерасад.
Агарчанде матолиби ВАО-и анъанавӣ аз якдигар бо матн, садо ва навор фарқ гузошта шавад, вале расонаҳои интернетӣ ҳамаи онро дар як мавод ҷо дода метавонанд, ки онро бо мафҳуми журналистикаи «мултимедиявӣ» маънидод менамоянд. Махсусан атрофи мафҳуми мазкур ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ, яъне чи тавр иҷро намудани ин амалро муҳаққиқ Муқимов М. дар китоби таълимии худ «Журналистикаи мултимедиявӣ» хеле хуб таҳлилу баррасӣ намудааст. Яъне мултимедия ҳамзамон истифода бурда тавонистани матн, навор, сурат, овоз ва ба ҳамин монанд имкониятҳое, ки ҷалби аудиторияи имрӯз ба он хеле зиёд аст.
Истилоҳи мултимедия аз вожаи англисии «multi», гирифта шуда, маънояш «бисёршумор» мебошад ва бо мафҳуми дигар лотинии «media» омехта шуда дар якҷоягӣ маънои мултимедияро ба вуҷуд овардааст. Ин мафҳум аз нигоҳи хусусият ва конвергентӣ монанд буда, бинобар ин ду мафҳум бо ҳам зич алоқаманданд. Маънои васеътари истилоҳи «мултимедия»-ро А.В. Крапивенко чунин шарҳ медиҳад, ки «Мултимедиа технологияи муосири компютерӣ мебошад, ки имкон медиҳад намудҳои гуногуни маълумотҳои мултимедиявӣ (тасвирҳо, садо, видео, эҳсосоти тактилӣ ва ғ.) муҳити ягонаи иттилоотиро ба вуҷуд оранд. Ба тафаккури инсон тавассути ҳиссиёт таъсир мерасонад».
Яъне ба ин шакл омода ва пешниҳод намудани мавод барои аудиторияи имрӯз хеле ҷолиб буда, истифодаи онро журналистон муҳим меҳисобанд. Аз нигоҳи қолаби жанрӣ бошад, дар расонаи интернетӣ, ки аз усули чандрасонаӣ истифода мекунад, метавон маводро дар қолаби ҳамаи жанрҳои публитсистӣ ҷолибу фаҳмо пешниҳод намуд». Маводи чандрасонаӣ аслан дар қолаби жанрҳои гуногуни анъанавӣ ба монанди мусоҳиба, хабар, гузориш, репортаж, мақола, лавҳа зиёд ба назар мерасад.
Соли 2003 рӯзномаҳо тибқи Фармони рақами 1174 – и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифадор гардидаанд, ки сомонаи расмии худро таъсис диҳанд. Аз ин рӯ Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» сомонаи худро бо номи www.jumhuriyat.tj. таъсис дод. Сипас новобаста ба шакли фаъолият нашрияҳои дигари кишвар низ сомонаҳои худро бо мурури вақт фаъол намуданд. Имрӯз аксарияти нашрияҳои кишвар дар шакли чопӣ ва электронӣ фаъолият менамоянд. Дар ҷараёни таҳқиқ барои исботи андеша назари иҷмолӣ ба саҳифаи сомонаҳои нашрияҳои «Ҷумҳурият»,«Asia-Plus» ва сомонаи хориҷии «Sputnik.tj.» (Россия) намудем, ки то кадом андоза аз имконоти журналистикаи мултимедиявӣ истифода менамоянд.
Дар зер акси саҳифаи аввали сомонаҳои дар боло зикршударо ҳамчун намуна меорем.
Дар қисмати гӯшаи чапи сомонаи “jumhuriyat.tj.” аз болои саҳифа парчам ва нишонӣ давлатӣ дар гӯшаи рост бошад тақвими сол оварда шудааст. Дар қисмати мобайн номи сомона бо забони тоҷикӣ оварда шудааст. Дар қисмати мавзуъҳо, ки дар тарафи чапи сомона ҷойгир шудааст то охири саҳифаро дар бар гирифта, чунин номгузорӣ шудааст: «Бахшҳо», «Президенти ҶТ», «Ҳуҷҷатҳо», «Ҷаласаҳо» ва «Ҷумҳурият». Ҳар яке аз ин дар навбати худ боз тақсимбандӣ мешаванд. Дар «Бахшҳо» масъалаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт, энергетика, муҳоҷират, ҳуқуқ, илм, маориф, фарҳанг, туризм, номаҳо буда, дар бахши «Президенти ҶТ» – Паёмҳо, суханрониҳо, мулоқотҳо, сафарҳо, мусоҳибаҳо, мақолаҳо, барқияҳо, бахши «Ҳуҷҷатҳо» – қонунҳои ҶТ, Фармонҳои Президент, қарорҳои ҳукумат, амрҳои Президент, бахши «Ҷаласаҳо» – Президент, ҳукумат, Парлумон, Дигар, ва дар охири саҳифа бахши «Ҷумҳурият» омада, аз мавзуҳои «Дар бораи нашрия», «Озмунҳо», «Ҷои холии кор» ва «Обуна» иборат мебошад.
Дар қисми рости саҳифа дар як сутун ба тартиби пай дар ҳам наворҳо гузошта шуда, ҳамчунин шакли PDF-и нашрия низ гузошта шудааст, ки хонандагон метавонанд шакли электронии онро дар мавриди зарурӣ боркашӣ (скачат) намуда, хонанд.
Сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлаби худро дар сомонаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «YouTude» хеле хуб паҳн менамояд. Дар ҳама давру замон ва таҷрибаи журналистикаи амалӣ нишон медиҳад, ки ба шавҷу завқи аудитория нигоҳ намуда, матлаб омода ва паҳн мегардад. Аз ин рӯ рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ду шакл фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Сомонаи нашрияи хусусии «Asia-Plus». Имрӯз медиахолдинги «Asia-Plus» аз нашрия, радио, агентии иттилоотӣ ва сомона, ки бо номи «asiaplustj.info», дар фазои иттилоотии Тоҷикистон фаъолият дорад ва он ба гурӯҳи ВАО-и хусусӣ шомил мебошад.
Сомонаи «asiaplustj.info» бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавод интишор менамояд. Дар сомонаи «asiaplustj.info» номи он бо ҳарфҳои сурх, англисӣ ва калон оварда шуда, пеш аз он логотипи он оварда шудааст, ки дар тамоми навъи ВАО-и «Asia-Plus» якранг аст.
Ҳамчунин ишораи забонҳои он ба шакли кӯтоҳ ру/тҷ/En/ нишон дода мешавад, ки хонанда барои худ забони мувофиқро интихоб менамояд. Сомонаи мазкур ки бо се забон аст, махсусан намунаи забони англисӣ ва русии он гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷаҳон низ хонандаи худро дорад. Сипас бахши «Асосӣ» бо расмҳо ва матнҳо пайи ҳам оварда мешавад. Дар баробари расм аз видео низ истифода мебарад, ки ҳам дар сомона ва ҳам дар «YouTude» гузошта мешавад, зеро дар баъзе матнҳо ишора ба ҳамин сомонаи иҷтимоиро мекунад. Ҳамчунин дар баробари лентаи хабарҳо, мавзуҳои муҳими рӯз лоиҳаҳое аз ҷониби сомона роҳандозӣ мегардад. Ҳангоми таҳлили маводи чандрасонаии сомонаи «asiaplustj.info» маълум гардид, ки дар сомона рӯзе 16- 20 мавод мегузоранд ва аз видео низ истифода менамоянд. Масалан, дар саҳифаи сомона матн, акс, видео ва инфографика истифода мешавад, ки ҳар яке аз инҳо махсусияти хоси худро доранд.
Расонаи сеюм сомонаи Sputnik буда, дар Тоҷикистон бо номи «Sputnik.tj.» фаъолиятро ба роҳ мондааст, масъули саҳифа журналисти тоҷик Фахриддини Холбек мебошад. Сомонаи Оҷонсии иттилоотии Sputnik кори худро аз 10 ноябри соли 2014 дар ҷаҳон шурӯъ кард ва ҳамчун сомонаи агентии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня”, ки хислати пахши бурунмарзӣ дорад, фаъолият менамояд. Sputnik дар пойтахтҳои бузурги мамлакатҳои дунё тариқи сомонаҳои интернетӣ хабар ва барномаҳои радиоӣ пешниҳод мекунад. Ҳаҷми умумии пахши барномаҳои радиоӣ бо 30 забони дунё дар соли 2015 аз 800 соат дар як шабонарӯз дар 130 шаҳри дунё ва 34 кишвари ҷаҳон зиёдтар аст. Ҳамчунин оҷонсӣ марказҳои матбуотии чандрасонаӣ дошта, барои сомонаҳо барномаҳои гуногунҷабҳа омода намуда пахши радиоиро низ пешниҳод менамояд. Пахши радиоӣ танҳо тариқи таҷҳизоти муосир: FM-дар формати рақамии DAB/DAB+ (Digital Radio Broadcasting), HD-Radio ва ҳамчунин нармафзорҳои мобилӣ ва саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад. Хадамоти аккосии Sputnik дар тамоми ҷаҳон хабарнигорони худро дорад.
Сомонаи Sputnik дар Тоҷикистон бо номи «Sputnik.tj.» аст ва саҳифаи аввали сомона чунин мебошад:
Он бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ матлабҳояшро мегузорад. Асосан дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди телеграм ва в контакте хеле фаъол аст.
Дар тарафи чапи сомона номи он бо ҳуруфи лотинӣ оварда шудааст. Сипас бахшҳо бо номҳои «Ҳамаи хабарҳо», «Сиёсат», «Иқтисод», «Иҷтимоъ» ва «Дар Тоҷикистон» дошта, дар болои саҳифа дар сатри аввал ҷой дода шудааст. Ҳамчунин дар охири саҳифа низ бахшҳо бо номҳои «Тоҷикистон», «Дар Тоҷикистон», «Осиёи Марказӣ», «Руссия», «Сиёсат», «Иқтисод», «Ҷамъият», «Муҳоҷират», «Таҳлил» ва «Навигариҳои варзиши тоҷик» омадааст, ки мазмуни онҳо гувоҳӣ аз баррасии мавзуҳои дахлдори бахшҳоро медиҳад. Дар саҳифа аз маводи чандрасонаӣ ба монанди матн, акс, навор ва инфографика истифода менамояд.
Яке аз навъи маъмул ва сертамошобини маводи чандрасонаӣ омода намудани мавод дар шакли матн ва навор мебошад.
Пахши навор (ҷараёни видео аз ҷойи ҳодиса) метавонад аз ҷониби як рӯзноманигор ё гурӯҳи хабарнигорон аз маконҳои гуногун гузаронида шавад. Дар шакли пешниҳоди видеоӣ матн низ истифода мешавад.
Сомонаи вобаста ба бахшҳо дар як рӯз то 10 мавод мегузорад ва дар аксарияти онҳо акс истифода шуда, қисми зиёди онро суратгузоришҳо ташкил медиҳад. Суратгузоришҳо асосан дар уисми болои саҳифа дар шакли ҳаракаткунанда гузошта мешавад. Ҳамчунин дар саҳифа наворҳо низ гузошта мешавад, ки аксарияти онро мусоҳиба ташкил намуда, дар студияи назди редаксия сабт ва ба танзим дароварда мешавад.
Сомонаи «Asia- Plus» дар сомона рӯзе 16- 20 мавод мегузорад, ки 2 адади онро видео ташкил кунад, тамоми матн акс дошта, суратгузоришҳо низ ба назар мерасад.
Сомонаи «Sputnik.tj.» дар давоми рӯз дар саҳифаи худ 7 мавод мегузорад, ки аз ин миқдор 1-тои онро навор ташкил медиҳад. Чун сомонаҳои болозикр тамоми матлабҳо бо истифода аз акс гузошта мешавад.
Навъи дигари маводи чандрасонаӣ «Слайд-шоу» мебошад. Слайд-шоу аз лентаи аксҳо иборат буда, бо он фарқ мекунад, ки расмҳо дар шакли ҳаракаткунанда бо навбат ҳаракат мекунанд. Ҳам хусусияти иттилоот ва таблиғотӣ дорад. Ин шакли маводи чандарсонаӣ метавонад аз акс иборат бошад, метавонад аз аудио, садоҳои гуногуни дигари табии, матни хондашуда. Оиди ин тарзи пешниҳоди маводи чандрасонаӣ муҳаққиқон хулоса менамоянд, ки «Слайд-шоу» навъи камбинандатарин ба ҳисоб меравад».
Ин шакли маводи чандрасонаӣ дар сомонаи «Jumhuriyat.tj.» ва «asiaplustj.info» мавриди назар ба мушоҳида мерасад. Масалан дар сомонаи «Jumhuriyat.tj.» дар шакли «Слайд-шоу» аксҳо истифода мегарданд, ки хеле ҷолиб ва мазмуни муайянро дар бар мегирад.
Дар сомонаи «asiaplustj.info» ба таври дигар истифода мегардад. Масалан, дар соли 2024 ҳамчун рубрикаи доимӣ пайваста «Слайд шоу»-и мазкур дар сомона фаъол аст ва то имрӯз тағйир наёфтасст. Он аз матн, ки чун сарлавҳа мебошад ва аксҳо иборат аст. Аксҳо ҳаракат намуда, иваз шудан мегирад. Масалан сарлавҳааш «Фотоальбом Дюшанбе-Сталинабад- Душанбе» ном дошта, бо иваз шудани зерсарлавҳа аксҳо низ мувофиқи мазмуни онҳо тағйир меёбад. Ин навъи маводи чандрасонаӣ танҳо бо забони русӣ аст ва новобаста аз интихоби забон он тағйир намеёбад. Зерларлавҳаҳое чун «Помним о прошлом, думаем о будуҳем», «К 30-и летию незавизимости Республики Тадждикистан» дар ҳамин бахш ба назар мерасад. Аз зерсарлавҳаи «К 30-илетию незавизимости Республики Тадждикистан» хулоса намудан дуруст аст, ки ин шакли истифодаи маводи чандрасонаӣ аз соли 2021 дар сомона гузошта шудааст, зеро ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ маълумот мегузорад. Ин бахшро хонандагон метавонанд, тариқи сомонаи «Телегррам» пайгирӣ намоянд, зеро ҳангоми пахши тирча дар болои сарлавҳаҳои мазкур ба сомонаи иҷтимоии номбурда ишора меградад.
Ҳамчунин дар баробари ин навъи маводи чандрасонаӣ навъи инфорграфика хеле маъмул мебошад. Инфографика як навъи пешниҳоди маводест, ки иттилоотро тавассути тасвирҳо, диаграммаҳо, диаграммаҳо, графикҳо, харитаҳо, рақамҳо ва матн ба ҳам алоқаманд ҷой медиҳад.
Яке аз хусусиятҳои хоси инфографика ин зуд ва возеҳ нишон додани миқдори зиёди маълумот мебошад. Ба воситаи ин хонанда ҳодисаро зуд тасаввур мекунад, ҳисобот бо ин шакл пешниҳод мегардад, ки нисбат ба манти дароз рақамҳо зиёдтар истифода мешаванд. Инчунин сифати маҳсулот, тарзи хизматрасонӣ нишон дода мешавад.
Масалан инфографика дар сомонаи «asiaplustj.info» бахши алоҳидаест, ки маводи зиёдеро дар бар мегирад ва пайваста фаъол аст. Ин бахш дар сомонаи мазкур бо номи «Ҳамаи инфографика» номгузорӣ шудааст ва матн бо акс пахш мегардад. Масалан дар расми зер: Ба воситаи акси мазкур хонанда мустақилона қобилияти муқоиса намудани рақамҳоро дорад, ки нахри сӯзишворӣ дар кадом кишварҳо чӣ қадар арзиш дорад. Аз ин акс Туркманистон дар ҷойи аввал дар арзонии сӯзишворӣ қарор дорад.
Дар сомонаи -«Sputnik.tj.» дар қисмати охири саҳифаи он бо номи «Инфографика» бо забони русӣ ва шакли тоҷикияшро «Тасвирбаён» номгузорӣ намудаанд, ки хеле хуб истифода мегардад ва миқдорашон кам нест.
Тавре ки таҳқиқ, таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, матбуоти интернетӣ дар муқоиса бо нашрияҳои чопӣ хусусияти хоси худро дорад. Ин навъи матбуот иттилоъро зуд интишор мекунад, имкони истифодаи мултимедияро фароҳам меорад. Дар кишварҳои дигар низ матбуоти интернетӣ бо суръати баланд рушд карда, ба яке аз василаҳои асосии паҳн намудани ахбор табдил ёфтааст. Матбуоти интернетӣ бо хосиятҳои худ аз дигар навъҳои ВАО фарқ мекунад. Хусусиятҳои асосии он иборатанд аз: Мултимедиявӣ: Матбуоти интернетӣ аз имкониятҳои мултимедия истифода намуда, дар он матн, тасвирҳо, садо ва видео якҷоя пешкаш мешаванд. Ин омезиши форматҳо ба аудитория имкон медиҳад, ки иттилоотро аз тариқи гуногун қабул кунанд;
Фаврият: Хабарҳо ва иттилоот тавассути интернет дар муддати кӯтоҳтарин ба хонандагон расонида мешаванд ва ҳамзамон ҳар сонияву дақиқа метавонад нав шавад;
Фарогирии бемаҳдуд: Ба воситаи интернет, хабарҳо метавонанд ба шунавандагон ва хонандагони тамоми ҷаҳон расонида шаванд. Ин хусусият ба паҳншавии босуръати ахбор мусоидат мекунад.
Матбуоти интернетӣ бо хусусиятҳои номбаршуда на танҳо ба рушди иттилоотрасонӣ мусоидат мекунад, балки барои густариши ҷаҳони иттилоотӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар натиҷаи таҳлил маълум гардид, ки маводи чандрасонаӣ ва навъҳои гуногуни он дар сомонаҳои «Jumhuriyat.tj.», «asiaplustj.info» ва «Sputnik.tj.» ба таври гуногун истифода мешавад. Махсусан аксу матн дар ҳар се сомона ба назар мерасад, вале инфографика танҳо дар сомонаҳои дуюм ва сеюм мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳамчунин пахши навор дар саҳифаи сомонаҳо истифода мегардад.
Пешниҳод:
Дар такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта хуб мешуд, ки журналистон дар ин самт бештар омода карда шаванд;
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавони забондон курсу семинарҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос гузаронида шавад, то ки ҳар лаҳза мафҳум, муносибат ва имкониятҳои нав ба нави пахши иттилоот ба вуҷуд меояд ва имконияти омӯзиш ва азхудкунии он пайдо шавад. Дар замони муосир ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ мутахассисони ҷавон бояд обутобёфта омода шаванд.
Н. Усмонова
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»