Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи футбол байни омӯзгорону донишҷӯён барои Ҷоми Раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъбаст гардид. Ҷоми раёсати донишгоҳ, ки муддати 30 рӯз давом намуда, омӯзгорону донишҷӯёни 14 факултети донишгоҳ иштирок намуданд. Мусобиқа бо иштироки фаъоли ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа таъкид гардид, ки мақсади ташкили мусобиқаи футбол таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон, рушди футбол дар донишгоҳ, дарёфти истеъдодҳои нав барои дастаи мунтахаби донишгоҳ, дарки аҳаммияти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ва нақши футбол дар ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дар бозиҳои ниҳоӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён бо нишон додани бозии хуб факултетҳои зерин соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд:
Миёни омӯзгорон:



Миёни донишҷӯён:



Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.



