Дар асоси шартномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия ва нақшаи дурнамои Раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ миёни омӯзгорон курси такмили ихтисоси равияи фанҳои дақиқ ва риёзӣ баргузор гардид.
Дар курси такмили ихтисос Гибельгауз Оксана Сергеевна, дотсент, мудири кафедраи физика ва методикаи таълими физика, Кулешова Ирина Геннадевна, дотсент, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими математика, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва иштирокчиёни курс иштирок доштанд.
Курси мазкур аз 26 то 31- уми майли соли равон идома ёфта, мавзуъҳои мубрами соҳаи дақиқ ва риёзӣ омӯзонида мешавад.
Дар курси мазкур зиёда аз 70 нафар омӯзгорон дар ду гурӯҳ дар ҳаҷми 36 соат ба таълим фаро гирифта мешавад.
Баъд аз анҷоми курси такмили ихтисос омӯзгорон бо Сертификати Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай сарфароз мегарданд.

