-
зери ин унвон дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи касбии кимиёгарон чорабинии илмӣ -фарҳангӣ баргузор шуд.
Иди касбии кимиёгарон — ин ҷашнест, ки ба қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба фаъолияти муҳими олимон, омӯзгорон, муҳандисон ва дигар мутахассисони соҳаи химия бахшида мешавад. Он на танҳо ҷашни як гурӯҳ касбӣ аст, балки роҳи тарғиби илми химия ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши он низ ба ҳисоб меравад.
Илми химия дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла саноати кимиё, дорусозӣ, экологӣ ва кишоварзӣ нақши калидиро мебозад. Мутахассисони соҳаи химия (кимиёгарон) дар таҳияи моддаҳои нави кимиёвӣ, доруҳо, маҳсулоти саноатӣ, тозакунии муҳити зист, таҳлили компонентҳои химиявии замин ва кайҳон, таҳияи маводҳои муосир (пластик, наноматериалҳо, катализаторҳо ва ғайра) нақши бузург доранд. Бе саҳми илми кимиё, пешрафти тиб, энергетика, кишоварзӣ ва ҳатто кайҳонавардӣ имконнопазир аст.
Таҳти сарпарастии садорати факултети химия ва биология, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва роҳбари маҳфили “Квант”-и кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ бо аъзоёни маҳфил чорабинии илмӣ – фарҳангӣ таҳия ва баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ устодон ва аъзоёни маҳфил дар бораи таърихи пайдоиши факултети химия ва биология дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, таърихи пайдоиши Рӯзи касбии кимиёгарон, нақши илми химия дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, хусусиятҳои химиявию биологии рӯҳ ва аҳамияти он дар организм, гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ, пешниҳоди чистонҳо ва маълумотҳои шавқоварӣ химиявӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор омӯзгорону донишҷӯён ба Сипосномаву ифтихорномаи садорати факултети химия ва биология қадрдонӣ гардиданд.



