Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад…” баргузор гардиданд.
Дар озмун донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, сазовори ҷойҳои нмоён гардиданд.
Аз ҷумла Хошокова Маъво, сазовори ҷойи 3-юм ва Раҷабова Замира, Рангинаи Баҳодур, барои иштироки фаъол бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

