Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-018 – и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватияи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ҳамчун заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назария ва амалия” зери мушовирии Шарофзода Рустам Шароф – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя намуд.
Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат пешбинӣ гардидааст.

