Имрӯз аз ҷониби Исмоилшо Абдуллоев, директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва Гулов Қодир, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти донишгоҳ аз раванди дарсҳои фосилавӣ дидан намуданд.
Зимни боздид Гулов Қодир, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот оид ба силлабус, барномаҳои фаннӣ ва истифодаи самараноки Смарт экранҳо ҳангоми дарсҳои амалӣ аз ҷониби омӯзгорон андешаронӣ намуд.
Исмоилшо Абдуллоев, директори Маркази таҳсилоти фосилавӣ зимни суханронӣ бо донишҷӯён оид ба риояи сару либоси тавсеавӣ ва иштироки мунтазами донишҷӯён ба дарсҳо яке аз мавзуъҳои асосии ин шиносоӣ буд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби директори Маркази таҳсилоти фосилавӣ барои шиносоӣ аз раванди дарсҳои гурӯҳҳои фосилавӣ дигар факултетҳо низ дидан менамояд.


