ё ин ки ёддошти хатмкунандаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
Имрӯз охирин имтиҳони давлатиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав супоридем ва таҳсилро сарбаландона хатм намудем. Вақти он расидааст, ки таассуроти худро дар бораи хотирмонтарин давра – яъне чор соли донишҷӯӣ дар ихтисоси рӯзноманигорӣ баён кунам.
Дохилшавӣ
Мо як гурӯҳ ҷавонони ташнаи илм бо хоҳиши зиёди омӯзиши забони англисӣ ба ихтисоси журналист – тарҷумон дар ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шудем. Аксаран намедонистем, ки дар оянда моро соҳаи пурифтихори журналистика интизор аст. Бештари донишҷӯёни гурӯҳи мо хоҳони он буданд, ки тарҷумони забони англисӣ шаванд. Мо омӯзишро аз алфавити журналистика оғоз намудем. Омӯзгорон чунон бо шавқ ба мо дарс медоданд, ки меҳри ин соҳа дар дили мо оҳиста – оҳиста пайдо шудан гирифт. Дар охири якумкурсӣ мо аллакай дар бораи соҳаи журналистика маълумоти ибтидоиро гирифтем.
Дар курси якум ба мо омӯзгорони ботаҷриба ба мисли Райҳона Раҳматова, Қурбонова Райҳонгул, Ғуломова Сайёҳат дарс медоданд. Маҳз дарсҳои шавқовари онҳо моро дилбастаи ин касб намуд. Сахтгирии Қурбонова Райҳонгул сабаб мешуд, ки донишҷӯён ба китобхона рафта, китоб мутолиа намоянд.
Дар курси дуюм таҳсил аллакай ҷиддитар шуд, чунки мо аз марҳилаи ба истилоҳ ” абугарангӣ” баромадем. Рӯзе ба мо донишҷӯён мудири кафедраи рӯзноманигорӣ устод Шарипов Сангимурод тавсия доданд, ки дар телевизиони Хатлон кастинг баргузор мешавад ва рафта дар он ҷо маҳорати худро санҷед. Мо як гурӯҳ донишҷӯён рафта, истеъдоди худро озмудем ва дар кастинг қабул шудем.
Дар моҳи феврали дуюм курсӣ имконияте пайдо шуд то дар муассисаи деҳаамон ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ ба кор оғоз намоям. Ман ҳам аз ин имконият самаранок истифода бурдам, чунки муаллима Пирова Фарангис ба мо фанни забони англисиро нағз омӯзонида буд. Ҳамчунин мо ба тарзи ҷобаҷогузории калимаҳо ҳангоми тарҷума шинос шуда будем. Дар баробари ин ҳамкурсони ман Каримова Маҳина, Судобаи Насимҷон ва Айдарбекова Идигул корро дар телевизиони Хатлон оғоз намуданд. Дар идома моро таҷрибаомӯзӣ дар идораи рӯзномаву маҷаллаҳо интизор буд. Ман таҷрибаи худро дар маҷаллаи “Мактаб ” зери роҳбарии устод Озар Салим гирифтам. Аввалин мақолаи ман дар бораи нахустин устод дар маҷаллаи “Мактаб ” ба нашр расид.
Дар курси дуюм ба мо омӯзгори соҳибном Маҳкамзода Дилором аз фанни ” Этикаи тарҷумонӣ” дар мегузашт. Муаллима бо усулҳои хоси худ дарсро чунон хос мегузашт, ки ҳамаи донишҷуён дар дарсҳояш фаъол буданд.
Дар курси сеюм мо ба вазъи журналистикаи Тоҷикистон ва мавқеи он дар ҷомеа шинос шудем, чунки ба мо журналисти ҷавони соҳибтаҷриба устод Расулзода Комрон дарс мегуфтанд. Донишу гуфтаҳои устод моро ба ҳайрат меоварданд, чунки аз дигар устодон мо он суханҳоро нашунида будем. Тарзи таҳлилу баррасӣ намудани масъалаҳои доғи ҷомеаро мо аз ин устод омӯхтем.
Дар ин сол ба мо Раҳматова Райҳона аз фанни” Психологияи журналистӣ ” дарс медод. Дарсҳои муаллима беҳтарин буданд, чунки муаллима ҳам психолог ва ҳам журналисти муваффақ буданд.
Дар чорум курсӣ ба мо як устоди донишманди дигар Носирҷон Маъмурзода дарс мегуфт. Ҳар як ҷумлае мегуфт, ба мо аҳамияти калоне дошт, зеро ки дар амалия устод худашон таҷриба карда буданд. Дар давоми таҳсил ба мо устодон Шарипов Сангимурод, Мусаввирова Фарзона ва Шарипова Меҳрангез дастгирии зиёд намуданд.
Имрӯз мо чизе ба даст овардем ба мисли касб, ном, нон бо шарофати дастгирии эшон ба амал пайвастааст.
Ташаккури худро ба кулли устодоне, ки 4 сол ба мо илм омӯхтаанд,мерасонам. Дар давоми ин чор сол мо як сафари маънавии хуб доштем ҳамроҳи ҳамкурсон, ки мисли бародарону хоҳарон будем.
М. Азизуллоев, хатмкунандаи факултети филологияи тоҷик, ихтисоси журналист-тарҷумон, таҳсили рӯзона