Ба ифтихори 75-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, ҳамкасбу ҳамкори мо Сатторов Абдурасул Эшбекович
Абдурасул Эшбекович яке аз олимони шинохтаю дар дохилу хориҷи кишвар эътирофгардидаи соҳаи математика ва методикаи таълими он маҳсуб меёбад. Дастовардҳои ӯ дар ин самт хеле зиёду арзишманданд. Ҳаёту фаълияти таълиму тарбиявӣ ва илмию ҷамъиятиаш барои наслҳои ҷавон лоиқи омӯзишу пайравист.
Ӯ дар оилаи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси кордону ташкилотчӣ, меҳнаткашу пахтакори номдор шодравон Эшбек Сатторов (1907–1975) таваллуд шудааст. Падари бузургвори соҳибҷашни моро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мешиносанду бо некию некномӣ ёд мекунанд. Вақте, ки Эшбек Сатторов дар ноҳияи Ҷилликӯл (собиқ ноҳияи Каганович ва ҳозира ноҳияи Дӯстӣ) кор мекард, пахтакорӣ яке аз шуғлҳои асосии мардумони Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт.
Пахта барои Ҳукумати Шуравӣ маҳсулоти стратегӣ буд. Дар ин ҷода ҳама роҳбарони шуравӣ ба меҳнаткашони тоҷику ӯзбеку туркману қирғиз умед мебастанд. Дар ин самт Ҳукумати Шуравӣ якчанд қарори махсус низ қабул намуда буд, аз ҷумла: Қарори Ҳукумати Шуравӣ аз сентябри соли 1945 “Доир ба минбаъд тараққӣ додани пахтакории ҶШС Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Шуравӣ аз июни соли 1946 “Доир ба план ва тадбирҳои барқароркунӣ ва инкишофи минбаъдаи пахтакории ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1946–1950” ва ғайра. Ба ин мақсад дар Тоҷикистон мардум барои пахтакорӣ ва фатҳ намудани заминҳои бекорхобида (дашту биёбон ва ботлоқзорҳо) аз кӯҳсор ба таҳдаштҳо муҳоҷир карда шуданд.
Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон барои обод намудани водии Вахш ва дигар минтақаҳо мардуми хеле зиёди меҳнаткаш сафарбар шуданд. Маблағгузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ аз тарафи Ҳукумати Шуравӣ (бо ченаку вазъи ҳамон солҳо) хеле ва хеле назаррас буд.
Умуман дар миёнаи асри гузашта майдони пахтазор ба майдони ҳарбу зарби меҳнати шарафмандона мубадал гашта буд. Пахтакорони асил дар ҳақиқат бо меҳнати пурмашаққати худ дашту биёбонҳои ташналаб ва ботлоқзорҳои пур аз обу лойю ҷуку ҷондорро ба гулистон мубадал сохтанд. Дар қатори ин мардуми заҳматкаш Эшбек Сатторов низ ҳамчун роҳбару раҳнамо фаъолият мекарданд.
Хоҷагие, ки ба он Эшбек Сатторов роҳбарӣ менамуд, аз рӯйи ҳосилнокӣ ва сифати пахта доимо дар сафи пеш буд. Ин заҳматҳои Эшбек Сатторов аз назари роҳбарони давлат дур намонд. Ӯро соли 1957 бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз намуданд. Ин яке аз увонҳои бонфузтарини замони шуравӣ буд. Мавриди қайд аст, ки Эшбек Сатторов бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени “Нишони Фахрӣ” ва якчанд медалу мукофотҳои дигар низ қадрдонӣ гардидааст.
Маводе ки мо болотар дар шакли “Хӯшае аз ҳар гӯшае” ба қалам додем, ин маълумот дар бораи мактаби меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ, тобоварӣ ба мушкилот, ватанпарварӣ, дӯстии халқу миллатҳои гуногун ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ мебошанд. Пайдоши ҳамин гуна мактабҳо ё худ пайраҳаҳои меҳнатӣ (чӣ тавре хоҳед номгузорӣ намоед) хосӣ асри ХХ буда, дар саросари ҷумҳурии мо арзи вуҷуд доштанд.
Барои тавқияти андешаамон дар ин бора, Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистии ҳамон давру замонҳоро номбар кардан кифоя аст: Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев (1901 – 1967), Абдуғафур Самадов (1909 – 1996), Мирали Маҳмадалиев (1914 – 2002), Карим Исмоилов (1907 – 1968), Сироҷиддин Исоев (1911 – 1985), Раҷаб Исмоилов (1910 – 1971), Талбак Садриддинов (1921 – 2014) ва дигарон.
Агар ба кору пайкори қаҳрамонҳои дар боло номбаргардида назар афканем, он гоҳ хулоса мебарорем, ки онҳо бо Эшбек Сатторов дар як вақту замон заҳмат кашидаанд.
Хизмати ҳамин мардони майдон ва монанди онҳо даҳҳою садҳою ҳазорҳо меҳнаткашон буданд, ки водии Вахш ва дигар водиҳою мавзеҳои ташналабу ботлоқзори Тоҷикистон ба маҳалаҳои аҳолинишинӣ ҳозиразамон мубадал шуданд. Хизмати ҳамин гуна одамони наҷибу заҳматкаш буданд, ки соли 1980 истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон ба зиёда аз як миллион тонна расонида шуд.
Ҳосилнокии пахта дар ҷумҳурии мо низ хеле баланд ба 32,8 сентнер расида буд. Ҳаёт ва фаъолияти ин шахсони меҳнаткаш ва амсоли онҳо намунаи ибрат барои хонандагон, донишҷӯёну дигар ҷавонон буду ҳоло низ ҳаст. Соҳибҷашни мо профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович маҳз дар ҳамин гуна муҳити меҳнатпазирӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия ва ташаккул ёфтааст. Ӯ мактаби миёнаи № 23 – и зодгоҳаш, ки дар хоҷагии “Янгиобод” қарор дошт, хатм намудаст. Ин хоҷагӣ айни ҳол ба номи падари бузургвораш Эшбек Сатторов гузошта шудааст.
Баъди хатми мактаб таҳсилро дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) давом медиҳад. Ихтисоси “Математика–нақшакашӣ”–ро интихоб карда буд. Баъди хатми бомуваффақияти мактаби олӣ (соли 1971) фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор аз кафедраи геометрияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ оғоз менамояд. Ин соли таҳсили 1971 – 1972 буд.
Ҳамин тариқ, шавқу завқ ба математика Абдурасул Эшбековичро ба касби омӯзгорӣ ва корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ сафарбар намуд. Абдурасули ҷавон дигар гуна рафтор карда наметавонист. Ӯ худро танҳо дар самти таълиму тарбия ва илму дониш дармеёфт.
Мавсуф солҳои 1974–1978 дар Донишгоҳи давлатии Қазон (Русия) баъди коромӯзӣ ҳамчун аспирант пазируфта шудааст. Дар мавзуи “Геометрияи фазоҳои векторӣ ва вектории зичнок” аз рӯйи ихтисоси “Геометрия ва топология” ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мешавад.
Қобили қайд аст, ки геометрия ва топология яке аз самтҳои мушкилтарини математика маҳсуб меёбанд. Кори илмӣ дар ин самт дониш, малакаю маҳорат ва меҳнату заҳмати зиёдеро талаб менамуд. Абдурасул Сатторов, ки худ аз деҳаи дурдаст ба шаҳрҳои марказӣ омада буд, аз мушкилиҳо намеҳаросид. Чунки ӯ (тавре, ки иброз намуда будем) аз мактаби меҳнатпазирӣ ва меҳнатдӯстии падари бузургвору ҳамдиёронаш гузашта буд.
Ҳамин устуворию меҳнатдӯстӣ буд, ки соли 1979 рисолаи илмиашро дар ш. Қазони Федератсияи Русия дифоъ намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои физика–математика гардид. Соли 2011 дар мавзуи “Ақидаҳои дидактикии олимон – табиатшиносони асримиёнагии Осиёи Марказӣ ва татбиқи онҳо дар таълими математика” рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Сазовори дараҷаи доктори илмҳои педагогикӣ дар самти методикаи таълими математика гардид.
Ба унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ низ шарафёб шудааст. Муаллифи зиёда аз 400 номгӯй китобу монография, дастуру васоити таълимӣ, васоити методӣ, мақолаҳои илмӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ – оммавӣ мебошад. Мақолаҳои илмиаш дар Русия, Украина, Лаҳистон, Чехия, Ӯзбекистон, Словакия ва дигар мамлакатҳо рӯйи нашр омадаанд.
Бо бисёр донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои илмию академияҳои дохилу хориҷи кишвар ҳамкории илмӣ ва илмӣ – методӣ дорад. Хусусан, ҳамкории илмӣ ва илмӣ–методии ӯ бо Донишкадаи омӯзгории Арзамаси Русия мавриди таваҷҷӯҳи хоса аст. Корҳои илмии устод дар ҳаҷми 160 номгӯй дар китобхонаи илмии электронии Русия (eLibrary.ru) ҷойгир карда шудааст, ки ҳар як хоҳишманд аз онҳо истифода бурда метавонад. Бояд тазаккур дод, ки eLibrary.ru аз соли 2008 фаъолияташро оғоз намудааст бинобар ин бисёр корҳои илмии пештараи устодони донишгоҳамон, аз ҷумла корҳои Абдурасул Эшбекович низ дар ин китобхона гузошта нашудаанд. Корҳои мутазаккираро аз китобхонаҳои анъанавӣ дастрас кардан мумкин аст.
Абдурасул Эшбекович дар ДДБ ба номи Носири Хусрав чандин солҳо вазифаҳои гуногуни масъулро ба зимма дошт. Аз ҷумла: ноиби ректор оид ба иқтисод ва таҳсили ғоибона (1997-2002), ноиби ректор оид ба илм (2002-2005), директори маркази компютерӣ (2005-2007), мудири кафедраи алгебра ва геометрия (1993-1997, 2007-2020). Айни ҳол дар вазифаи профессори кафедраи алгебра ва геометрия фаъолият дорад.
Устод Абдурасул Эшбекович мунтазам ба корҳои илмии донишҷӯён, магистрантон, аспиранту унвонҷӯён роҳбарӣ менамояд. Ба докторантон ҳамчун мушовир кӯмак мерасонад. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ 13 нафар рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуда, се нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгориаш садҳо шогирдонро тайёр намуда барои таълиму тарбияи насли наврас сафарбар намудааст. Дар бисёр мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Хатлон ва берун аз вилоят шогирдони ин устод бомуваффақият кор карда истодаанд. Шогирдонаш аз устоди худ қаноатманд буда, бо ҳисси ифтихор дар борааш ҳарф мезананд. Дар ҳақиқат устод Абдурасул Эшбекович дили дарё дошта, кӯмаки имконпазирро аз ҳеҷ кас дареғ намедорад.
Абдурасул Эшбекович солҳои тулонӣ аъзои шуроҳои гуногуни диссертатсионӣ барои дарёфи дараҷаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ буданд. Айни ҳол раиси шурои диссертатсионии 6D. КОА-048 назди ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Моҳи октябри соли 2024 дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти шуроҳои диссертатсинии кишварамон Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуроҳои беҳтаринро муайян намуд.
Дар қатори беҳтаринҳо шурои диссертатсионии 6D. КОА-048 назди ДДБ ба номи Носири Хусрав низ қарор дорад. Чӣ тавре ки иброз доштем, раиси ин шурои диссертатсионӣ профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович мебошад. Шурои мутазаккира бо фармоиши №126 аз 08.04.2022–и КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар он 30 нафар рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд: се нафар рисолаи докторӣ, 27 нафари дигар рисолаҳои номзадӣ ва доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос.
Бояд гуфт, ки ин шуро барои ҳимояи рисолаҳо дар самти дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои назария ва методикаи таълими математика, назария ва методикаи таълими физика, назария ва методикаи таълими информатика инчунин доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои болозикр ваколатдор аст. Дар ташкилу оқилона ба роҳ мондани фаъолияти шурои мазкур саҳми раиси он Абдурасул Эшбекович хеле калон аст.
Устод Абдурасул Эшбекович аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1999 бо ордени “Шараф” ва соли 2015 бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.
Дар бораи профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович чӣ қадаре, ки гӯему нависем кам аст. Ин устоди бузург сазовори ҳама гуна таърифу тавсиф, суханони пурмеҳру шавқат, обурӯй, иззату эҳтиром ва таҳсину офаринҳост. Ӯ ба қуллаҳои баланди таълиму тарбия ва илму дониш дар натиҷаи меҳнати шоистаи бефосила расидааст.
Ҳамин тавр низ бояд мешуд. Чунки ӯ аз табори меҳнатпазирону меҳнатдӯстон буда, дар ҳамин гуна муҳит тарбия ёфтааст.
Алимурод Абдураҳимов,
дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав