БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари омӯзиш бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Футбол аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии методии назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варизиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар кори семинар Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, С. Раҳмонов, директори Маркази ҷумҳуриявии методии назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варизиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ, раисони созмони кор бо ҷавонони факултетҳо ва варзишгарон аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.


