(дар ҳошияи Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, 30.05.2025, шаҳри Душанбе)
Тайи ду даҳсолаи охир аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти норасоии марбут ба оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои судманд ва ташаббусҳои беназир нишон дода истодааст. Боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонӣ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз санаи 29 то 31 майи соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуда истодааст, ба ҳисоб меравад. Гуфтан мумкин аст, ки Конфронси мазкур дар ҳошияи ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон аз он ифтихорманданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд, саҳми бештар гузошта истодааст, ва ин иқдомро низ дар оянда идома медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ассамблеяи генералӣ дар давоми солҳои 2000-2016 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард. Бо дарки саривақтии мушкилоти мавҷуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз оғози асри нав оид ба эълон намудани Соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” таклиф пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҷаҳониён дастгирии комил ёфт. Кӯшиш ва ташаббусҳои пайвастаи ҷаҳони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки Маҷмуаи Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005- 2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амлёти “Об барои ҳаёт” ва ҳамзамон вобаста ба ҳалли мушкилоти дар соҳаи об ҷойдошта соли 2013-ро соли “Байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об” қатънома қабул намуд.
Дар партави ин ҳадафҳои наҷибу ташаббусҳои башардӯстона аз ҷонби ин созмони бонуфӯз солҳои 2018-2028 даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардида, қарори махсус қабул карда шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди чоруми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, бо ҷонибдорӣ ва дастгирии зийда аз 193 давлати ҷаҳон дар бораи эълон доштани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қатънома қабул намуд. Ёдовар мешавем, ки ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни суханронӣ дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар Ҷумҳурии Корея садо дода буд.
Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои минтақаи Осиёи миёна қарор дошта, аз чунин бойгарии табиӣ, ки дар кишвари мо мавҷӯд аст, ғани мебошад. Гуфтан зарур аст, ки истифодабарии об ҳамчун моликияти давлат дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 13 Конститутсияи кишварамон, пешбини гардидааст: «Об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Яке аз чунин бойгариҳои табиӣ, ки захираи зиёди он дар сайёра ва кишвари мо мавҷӯд аст, об мебошад ва он ба манфиати халқ истифода бурда мешавад.
Дар воқеъ, мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар солҳои охир яке аз проблемаи глобалии сокинони бархе аз давлатҳои сайёра гардида, қисмати барзиёди аҳолии давлатҳоӣ ҷаҳон ба ин неъмати бузурги табии – оби тозаи ошомиданӣ дастраси надоранд. Тибқи таҳлили коршинос Мари Масиа «…қариб якуним миллард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастраси надоранд».
Тибқи маълумоти баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон бошад то ҳол зиёда аз 844 миллион нафар одамон, дар рӯи замин ба оби тозаи нӯшокии безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд, нафар одамон аз обҳое менушанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлоси ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитария дастраси надоранд.
Натиҷаи кўшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами мимллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 30 майи соли 2025 чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад. Бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст».
Дар идомаи суханрони Пешвои миллат баён доштанд, ки бо дарназардошти аҳаммияти ин гуфтаҳо, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешад. Ҳамзамон, пешниҳод намуданд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии заковатмандӣ ва башардӯстии ӯ буда, аз ин ҷиҳат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон ҳамовозию дастгири меёбанд.
Дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешоҳанги ташаббусҳои марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар минтақа ва ҷомеаи ҷаҳони шинохта мешавад. Доир гардидани конференсияи сатҳи баланд доир ба масъалаи мазкур дар Тоҷикистон мисоли равшани ин гуфтаҳост. Бисёр ифтихоровар аст, ки тайи чанд соли охир пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Иқдоми мазкур дар муаррифии икмониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол шароити хуб фароҳам оварда, ҷомеаи ҷаҳони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарӣ ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускору пешоҳанг пазироӣ хоҳанд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷуёна ва дарҳои кушодро пеша намуда, сулҳу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд. Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ташаббусҳои он ҳамеша дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгири меёбад. иқтисодӣ барои минтақа ва ҷаҳон ба мақсад мувофиқ медонад.
Мо насли ҷавони кишвар аз он ифтихормандем, ки ташаббусҳои башардӯстона ва иқдомотҳои беназири байналмилалии роҳбари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа ва сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби кишварҳои ҷомеаи ҷаҳон пайваста дастгириву ҳамовози пайдо мекунад.
НАБИЗОДА Эмомалӣ – мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав