Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири математика ва таълими он» бахшида ба «бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардид. Дар конференсияи байналмилалӣ академикҳо Н. Раджабов, М. Илолов, М. Шабозов, профессор И.Қурбонов, профессор Академияи гумруки Русия Е. Санина профессор Донишгоҳи педагогии Ӯзбекистон М. Джумаев иштирок ва андешаронӣ намуданд. Конференсияи мазкур се бахш – “Масъалаҳои мубрами математика ва татбиқи он”, “Такмили методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва “Дастовардҳо дар самти таърихи математика”-ро фаро мегирад.