Рушди босуръати илму техника ва ихтироот дар ҷаҳони муосир ҳаёти инсониятро дигаргун намуда, моро барои омӯзиши амиқу васеи фанҳои гуногун, бахусус фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ роҳнамоӣ мекунад. Баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ, соҳаи илму маорифи кишварамон ба таври бесобиқа ва назарарс рушду такомул ёбад. Бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм рӯ ба пешрафт ниҳода, ҳамасола барои муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ аз ҷониби давлату ҳукумат ва шахсони ватандӯсту хайрхоҳ синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои гуногуни таълимии замонавӣ бунёд меёбанд.

МУҲИММИЯТИ ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини рушди босураъти бахшҳои хоҷагии халқ аз сатҳи омода намудани мутахассисони варзидаи ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯй вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар қаламрави кишварамон наздик ба панҷоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Дар ин миён Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав истисно набуда, беш аз чилу панҷ сол мешавад, ки мутахассисони гуногунро барои соҳаҳои хоҷагии халқ омода менамояд. Дар ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар докторони илм, профессорон, дотсентону устодони варзида ба таълиму тарбияи насли ҷавони кишварамон машғуланд.
Қайд намудан зарур аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, дар заминаи он тадбирҳои зиёде амалӣ гашта истодаанд. Маҳз дар асоси ин барномаи давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар факултетҳои равияи табиӣ, дақиқ ва риёзидошта озмоишгоҳу синфхонаҳои муосир ва паркҳои технологӣ бо таъмини шароити корӣ бунёд ёфтаанд, ки машғулиятҳои амалӣ дар онҳо гузаронида мешавад, ки ба ташаккули донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Ҳамчунин устодону донишҷӯён корҳои илмиву эҷодӣ ва ихтирооти худро тавассути чунин шароити мусоид ба роҳ мемонанд, ки онҳо пеш аз ҳама, аз сатҳи мавҷудияти имкониятҳо вобастагӣ дорад.
Рушди ҷомеа аз сатҳи донишҳои табиӣ сокинон вобаста аст. Маҳз донишҳои табиӣ метавонанд ба ҷаҳонбинии инсонҳо таъсиргузор бошанд. Аз ин рӯ, давлату ҳукумати мамлакат роҳу усулҳои таълими фанҳои табиташиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар мамлакатамон ба роҳ мондаанд.
Татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус саноатикунонии босуръати мамлакат аз омӯзишу таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки шуруъ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то таҳсилоти олии касбии кишвар вобастагии амиқ дорад.
Имрӯз дигаргуниву таҳаввулоти босуръати илму техника ва дигаргун гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ моро водор месозанд, ки аз пештара дида имрӯз бештар ба таълими амиқи фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ машғул гардида, насли наврасу ҷавони кишварамонро ба омӯзиши ин фанҳо роҳнамоӣ намоем.
Иштироки фаъоли устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз сатҳи баланди тафаккури техникиву эҷодӣ ва касбӣ дарак медиҳад. Ин озмун дар тафаккури илмомӯзон таҳаввулоту дигаргуниҳои эҷодиро ба вуҷуд оварда, ба омӯхтани амиқи фанҳои дар боло зикргардида боис шуд.
Ташкилу баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои илмиву эҷодӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла конфронси имӯрзаи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Муаммоҳои муосири математика ва таълими он” идомаи мантиқии ташаббусу иқдомҳои наҷиби давлату ҳукумат мебошад. Бовар дорам, ки дар маводи конфронс гузоришоти баланди илмии олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ҷойгир шудаанд, ки ба рушди бемайлони таълими фанҳои мазкур мусоидат мекунанд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав