Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 3.06.2025, басти якум дар факултети физика толори 4, соати 10:00 дарси кушоди мудири кафедраи методикаи таълими физика н.и.т. Сафаров Шоҳин Рустамович дар гурӯҳи 402, ихтисоси физика-математика (фосилавӣ) аз фанни практикуми ҳалли масъалаҳои физикӣ (шакли машғулият амалӣ), дар мавзуи «Ҳалли масъалаҳо оид ба қувваи ҷараён ва қонунҳои Ом» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.