Дар доираи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар бо супориши раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид бори аввал дар вилоят Лигаи футзали донишҷӯён баргузор гардид.
Ин мусобиқа бо ҳузури 7 дастаи донишгоҳҳои ҳудуди вилоят доир гардид ва марҳилаи ниҳоии он бо маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ дар маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара анҷом ёфт.
Дар натиҷаи рақобатҳои шавқовар дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо 25 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард.
Ғолибон бо Ҷом, Ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

