Имрӯз дар факултети химия ва биология мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳифзи табиат ҳифзи ватан” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар Ғ. Пиров, ҷонишини декани факултет оид ба илм ва иноватсия, Д. Давлятова, мудири кафедраи экологияи умумӣ оид ба баргузории нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазони Маҳинбек, магистранти курси якум дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва А. Раҷабов, магистранти курси дуюм дар мавзуи “Об, ҳастии ҳаёт” баромад намуданд.


