Имрӯз аз ҷониби Исмоилшо Абдуллоев, директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав сӯҳбат – вохӯрӣ бо донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултети таърих ва ҳуқуқ доир шуд.
Дар сӯҳбат – вохӯрӣ директори Маркази таҳсилоти фосилавӣ оид ба дастгирии Раёсати донишгоҳ , баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб, мақсаднок истифода намудани телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҳар гуна амалу кирдорҳои ношоиста ва доир ба тинҷию оромӣ андешаронӣ намуданд.


