Имрӯз, 4-уми июни соли 2025 дарси кушоди номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Аҳмадов Сафармад дар гурӯҳҳои 301-302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (фосилавӣ) аз фанни “Таҳлили филологии матнҳои адабӣ”, шакли машғулияти маърузавӣ дар мавзуи “Тарзи таҳлили филологии осори манзум” гузаронида шуд.
Дар машғулият устодони факултетҳои донишгоҳ ва мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Азимов Нусратулло иштирок намуданд.
Машғулияти таълимӣ бо усулҳои фаъоли таълим ва имкониятҳои технологияҳои муосир ба роҳ монда шуд, ки аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён донишҳои фаровон гирифтанд.




