Компютерикунонӣ ба қисмати ҷудонашавандаи ҳаёту фаъолияти инсон мубаддал гардидааст ва ҳамаи ин ба шарофати мобилияти равандҳои кор бо иттилоот мебошад.
Мобиликунонӣ имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ нуқтаи Замин бо иттилооти даркории худ таъмин бошем, дар ин асос қобилияти эҷодии худро такмил бахшем.
Махсусан, дар соҳаи омӯзиши барномасозӣ Интернет нақши муҳим мебозад.
Барномасозӣ ба соҳаи муҳимми фаъолияти инсонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло ҳар касе барномасоз шудан мехоҳад, вале ин кори осон нест. Оид ба нақши воситаҳои электронӣ дар омӯзишу таълими барномасозӣ гуфта мегузарем.
Оид ба фикри дар асоси манбаъҳои Интернетӣ омӯзиши барномасозӣ дар маводҳои илмии Колесников В.В., Крылов А.С., Виснадул Б.Д., Меркулов А.М. ва Мухаммадазаизи М.А. оварда шудааст.
Ҳамасола забонҳои нави барномасозӣ арзёбӣ мегарданд, вале маводҳои чопӣ барои омӯзиши ин забонҳои барномасозӣ намерасанд. Аз ин ҷиҳат, омӯзгорон кайҳост, ки ба истифодаи маводҳои электронии Интернетӣ гузаштаанд. Вале дар раванди таълим ва омӯзиш баъзан зарурат пайдо мегардад, ки ба манбаъҳои Интернетӣ муроҷиат кунем. Масалан, донишҷӯи муосир акнун саволҳои худро на аз омӯзгори ҳақиқӣ, балки аз «омӯзгори электронӣ» мепурсад, роҳи ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ мекунад, маҷмуи масъалаҳои иловагӣ мегирад, худомӯзӣ менамояд. Интернет аз бисёр ҷиҳат ёрӣ мерасонад: барои қабули барномаҳои компютерӣ, барқароркунии барномаҳои зиддивирусӣ, омодакунии аёнияти таълимӣ, таълими фосилавӣ, ташкили алоқаҳои морбилии супоришдиҳиҳои миёни омӯзгорону доништалабот ва ғайраҳо.
Аз ҳама муҳим дастрас намудани маҷмуаи мисолу масъалаҳои барномасозӣ мебошад, ки омӯзгорон дар таъмини он мушкилӣ доранд, яъне дараҷаи қобилияҳои гуногуни доништалабон инро тақозо мекунад, ки баъзан дар миёнаи дарс ба манбаъҳои интернетӣ сафарбар гардем ва ба саволҳоямон чавоб гирифта, аз масъалаҳои барномасозии он ҷо истифода кунем.
Ин ҳолати проблемавиро мо на камбудӣ, балки дар дарс гузариш ба ҳолати проблемавӣ пиндошта, бо ин роҳ завқи донишилмонро ба барномасозӣ ва усулҳои инноватсионии барномасозӣ ба вуҷуд меорем. Чун сухан дар бораи эҷодиёт меравад, ва ин эҷодиёт маҷбурӣ набуда, лаҳзавӣ аст ва дар дилхоҳ ҷой ва дар ҳолати ғайриинтизор пайдо мегардад. Ин аст, ки омӯзгорон ба методҳои инноватсионии барномасозӣ мегузаранд. Ин метод муроҷиат ба манбаъҳои электронӣ‐ Интернетӣ мебошад. Ба шарофати чунин метод барномасозӣ завқовар ва дастрас гардидааст.
Маводҳои Интернетӣ имкон медиҳанд, ки шогирдон дар дилхоҳ ҷой ва макон ба саволҳои худ ҷавоб ҷӯянд ва қобилияти барномасозии худро ривоҷ дода, маҳорату малакаи ҷустуҷӯйӣ пайдо намоянд. Онҳо дар ин асос боз ҳам мустақил гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ менамоянд. Ин аст, ки дар назди омӯзгори имрӯза масъалаи муҳим меистад: дар ҷараёни омодагии шогирдон қарор доштан ва бо баробари пешравиҳои онҳо пешравӣ доштан. Ӯ бояд маводҳои нав ба нави барномасозиро омода намуда, аз кадом сарчашмаҳо истифода бурданро пешниҳод кунад.
Аз тарафи дигар мобилияти раванди таълимӣ имкон медиҳад, ки омӯзгор ва донишҷӯ дар алоқаи оид ба иҷрои корҳо ва супоришҳои мустақилона буда, омӯзгор аз пешравиҳои шогирдон ҳар лаҳзаи вақт бохабар бошад. Омӯзгор бояд сарчашмаҳои омӯзиши барномасозиро ҷуста, ба шогирдон пешниҳод кунад. Дар ин ҷода донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ муҳим мебошад.
Аз ҳама сарчашмаҳои интернетии омӯзиши барномасозӣ инҳоанд: http://www.edison.academy, http://skillbox.tj, http://skillbox.ru, http://gb.ru ва амсоли инҳо садҳо гиреҳҳои Интернетӣ ба омӯзиши асосҳои барномасозӣ бахшида шудаанд.
Манбаъҳои омӯзишии Интернетӣ озод аст, ин замина барои таълиму омӯзиши озод аст.
Пас, ҳар хоҳишманд аз манбаъҳои озодасоси омӯзишии Интернетӣ мустақилона истифода карда, барномасоз шуда метавонад. Хубии омӯзиши озод дар он аст, ки интихоби озоди забони барномасозиро таъмин менамояд. Барои таъмингарони барномаҳо бошад, маблағи бадастоварда ба манофеъ мемонад. Хуллас, оне, ки таъмин мекунад, низ ба эҷодиёт ва рушди эҷодиёти худ мекӯшад ва оне, ки мегирад, низ меомӯзад ва ҳамин тавр эҷодиёти худро такмил дода меистад.
Аз Интернет сайтҳои гуногуни намоишӣ ва чопиро дастрас кардан метавон, ки барои омӯзиши на фақат барномасозӣ, инчунин ба омӯзиши дигар соҳаҳои фаннӣ бахшида мешавад. Барои ин кофист, ки дар майдони ҷустуҷӯйии системаи ҷустуҷӯйии Интернет калима, ибора ва ё ҷумлаи талаботиро нависем.
Захираҳои чопӣ бо нархи арзон буда, дарс‐ намоишҳо (видео‐ урок), ки ҳаҷми зиёди хотираи дискиро талаб мекунанд, маблағталаб мебошад, бинобар ин талаботи истифодагари каммаблағро қонеъ намегардонад. Ин аст, ки на ҳамеша дар таълим ва омӯзиш методи мазкур татбиқ меёбад.
Вале истифодагари озод бояд кадом забони барномасозиро интихоб кунад, ин низ як масъалаи муҳим аст. Ба фикри мо истифодагарони ихтиёрӣ пеш аз ҳама забонҳои сайтсозиро омӯхтан мехоҳанд (ба монанд РНР ва HTML) ва аксарашон забонҳои коркарди гузоришҳои таҷҳизотҳои мобилиро (Java, Objective-C, Swift) мепарастанд. Вале барои навомӯзон забони Python хело осономӯз буда, роҳ барои омӯзишҳои ояндаи барномасозист.
Ҳамин тавр, истифодаи воситаҳои интернетии омӯзиши барномасозӣ мобилияти раванди таълиму омӯзишро таъмин намуда, таълими бефосила ва пайваста аст, ки ба таълиму омӯзиши муосир мувофиқ мебошад. Он имкон медиҳад, ки назарияи барномасозӣ бо амалиёи он параллелӣ рушд ёбанд.
З. Абдуллоева,
ДДБ ба номи Носири Хусрав