Имрӯз як гурӯҳ ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳҳои факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуданд.
Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои асосии баландбардории сифати таълим ва аз худ намудану дарк кардани донишҳои амалӣ барои донишҷӯён ин пайваста машғул будан ба ҳалли масъалаҳои озмоишӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон ҳалли масъалаҳои озмоишӣ мустақилият ва фаъолнокиро мустаҳкам гардонида, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фикрронии мантиқии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар назди кафедраи химияи умумии факултети химия ва биология 1 озмоишгоҳи илмӣ –таҳқиқотӣ, 2 озмоишгоҳи таълимии химия ва дар назди кафедраи биологияи умумӣ бошад 1 озмоишгоҳи таълимӣ ва 1 озмоишгоҳи растаниҳои ситрусӣ фаъолият дорад. Дар озмоишгоҳи илмӣ таҳқиқотӣ магистрантон ва донишҷӯёне, ки рисолаи хатм доранд, корҳои эксперименталии хешро гузаронида хулосабарорӣ мекунанд.
Дар озмоишгоҳи мазкур шароити хуб фароҳам оварда шуда, аксарияти машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар он гузаронида мешаванд.
Дар озмоишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ, химияи физикӣ ва химияи технологӣ, дар озмоишгоҳи химияи органикӣ ва биологӣ аз фанҳои химияи органикӣ, химияи биологӣ ва химияи таҳлилӣ корҳои озмоишӣ гузаронида мешавад.



