Масъалаи ҳифзи иттилоот бо роҳи ислоҳоти куллии он ва истисно будани шахсони бегона аз хондани ӯ, аз давраҳои қадим ақли одамиро парешон намудааст.
Таърихи криптография-ҳамсоли таърихи забони одамӣ аст. Зиёда аз он, аввалҳо алифбо ё хат мустақилона системаи криптографӣ буд, чунки дар ҷамъияти ибтидоӣ
онро фақат интихобшудагон соҳиб буданд. Китоби олии Египети қадима ва Индияи қадима мисоли ин гуфтаҳо мебошанд. Бо паҳншавии васеъ криптографияи хаттӣ
ҳамчун илми мустақил ташкил карда шуда буд.
Криптосистемаҳои аввалин аллакай дар аввали эраи мо вомехӯрданд. Ҳамин тавр, шоҳ Сезар дар маҷмуаи мактубҳои худ аллакай каму беш шифри систематикии номи худашро истифода мекард. Пешрафти асосиро системаи криптографӣ дар соли якум ва дуюми ҷанги ҷаҳон гирифта буд. Аз
вақтҳои баъдиҷангӣ ва то ҳамин рӯз сар карда пайдоиши воситаи ҳисобкунӣ коркард ва такмили усули криптографиро тезонид. Усулҳои криптографии ҳифзи маълумотҳо
дар системаҳои автоматикунонидашуда метавонад ҳамчун барои ҳифзи иттилоотӣ дар компютер коркард шуда ё ба намудҳои гуногун нигоҳ дошта шуда, инчунин барои
пӯшидани иттилооти байни ҷузъиёти гуногуни системаҳо, ки бо хати алоқа дода мешаванд, қабул шавад.
Тағйироти куллии криптографӣ ҳамчун усули огоҳнамоии иҷозат надодани роҳёбӣ ба иттилооти махфӣ таърихи бисёрасра дорад. Дар айни ҳол миқдори калони
усулҳои гуногуни рамзгузорӣ, сохта шудани асоси назариявӣ ва амалии қабули онҳо кор карда шудааст. Бисёре аз миқдори ин усулҳо метавонанд бомувафақият барои
пӯшидани иттилоот истифода шаванд. Дар зери мафҳуми рамзгузорӣ дар айни ҳол маълумоти ирсолшаванда, нигоҳдории маълумот (ҳуҷҷатҳо, пойгоҳи додаҳо) дар
барандаҳо ба намуди рамзгузорикардашударо мефаҳманд.
Барои чӣ масъалаи истифодабарии усулҳои криптографӣ дар системаи иттилоотӣ (СИ) дар айни замон хусусан муҳим шудааст?
Аз як тараф истифодабарии шабакаи компютерӣ, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки бо он ҳаҷми калони иттилоотӣ давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣ ва характери шахсидошта интиқол меёбад ва имконияти роҳёбӣ ба он аз шахсони бегона дода нашудааст, васеъ шуд.
Аз тарафи дигар, пайдоиши компютерони пурқуввати нав, технологияи шабакавӣ ва ҳисоббарорҳои нейронӣ имконияти дисретикунонии системаи криптографиро, ки ҳоло ба қарибӣ амалан кушоданашаванда ҳисобида мешуданд, доданд.
Да замони ҳозира методҳои криптографӣ, ки рамзгузорӣ номида мешавад, ҳамчунин методҳои дигари ҳифзи иттилоот аз вирусҳои компютерӣ вуҷуд дорад, ки барои ин аз барномаҳои зиддивирусӣ истифола мегардад.
Вирусҳо – барномаҳои ҳаҷман начандон калон, махсус тартибдодашуда ва зараррасоне мебошанд, ки ба раванди муқаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфї ва ногаҳон) ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва барномаю ҳуҷҷатҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд. Соли 1986 пас аз «ихтироъи» вируси Brain, ки ба воситаи дискетҳо аз як компютери фардӣ ба дигараш «сироят» мекард, вирусҳои компютерӣ ба таври оммавӣ паҳн шудан гирифтанд. Қариб ҳар рўз то 300 намуди нави вирусҳо, ки дараҷаҳои гуногуни сирояткунӣ доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия, бо роҳҳои мухталиф ба компютерҳо паҳн карда мешаванд.
Вирусњои компютерӣ мисоли равшани таҷдиди ғаразноки амнияти информатсионї мебошанд. Вирусҳо сарҳадҳои давлатиро намеписанданд. Онҳо дар байни якчанд соат ба тамоми ҷаҳон паҳн мешаванд. Зарари аз вирусҳо бароянда гуногунтабиат аст. Аз пайдошавии навиштаҷоти бегона дар экрани монитор сар карда, то дуздӣ ва несткунии информатсия натиҷаи фаъолияти вирусҳо мебошанд. Зарари молиявии аз вирусҳо дар соли 2003 расида, тақрибан 12 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Солҳои охир сабаби «диверсияҳои» информатсиониро ҳарчӣ бештар ба Интернет мансуб медонанд. Ин пеш аз ҳама ба васеъшавии спектри хизматрасонӣ ва созишҳои электронӣ, ки асосан тавассути Интернет амалӣ мешаванд, вобаста аст. Ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, программаҳои ройгон, бозиҳои компютерӣ ва ғайра вирусҳои компютерӣ низ ворид мегарданд.
Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунӣ ҳар дафъа нусхаашонро афзун мегардонанд ва номаълум ба таркиби файлу дискҳои компютер, хусусан ба сектори боркунандаи диски системавӣ, ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномаҳо ба онҳо вирус ном гузоштаанд.
Ҳакимов А.М., Баҳораков Б.