Иди Қурбон рамзи имон, ихлос, фидокорӣ ва хайру эҳсон аст. Ин ид ба мо меомӯзад, ки дар роҳи ҳақ бояд устувору содиқ бошем, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунем, қалби инсонҳоро бо меҳрубонӣ ва муҳаббат обод созем. Дар чунин рӯзҳои муборак ва пурсаодат Худованд дуоҳои поку самимии бандагонашро мепазирад.
Бигзор рӯҳу фалсафаи Иди Қурбон, ки эҳсон, сабру таҳаммул ва иттиҳоду бародарӣ иборат аст, ҳамеша дар зиндагии мо ҳукмфармо бошад. Бигзор хонадонатон аз файзи ин ид пурнур ва қалбатон саршор аз оромишу муҳаббат бошад.
Ба хонадони Шумо баракату фаровонӣ ва амониву осудагӣ таманно дорем.