Имрӯз дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Раҷабзода Нодира Сайдаҳмад, унвонҷӯи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои методии ташкили корҳои беруназсинфии хонандагон аз фанни Информатика (технологияи иттилоотӣ)”, зери роҳбарии Сатторов Абдурасул Эшбекович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо муваффақият дифо намуд.
Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02- Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.03 –Назария ва методикаи таълими фанҳои дақиқ (таҳсилоти умумӣ, информатика) пешбинӣ шудааст.