Масоили марбут ба об, иқлим ва муҳити зист тайи даҳсолаҳои охир ба яке аз мавзуъҳои меҳварии рӯзномаи ҷаҳонии сиёсиву илмӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва фаъол дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об ва баррасии масоили экологӣ бори дигар тавассути баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд тавонист, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мавзуъ ҷалб намояд. Ин конфронс, ки рӯзҳои 29, 30 ва 31-уми майи соли 2025 баргузор гардид намояндагони беш аз 80 кишвару созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар инъикоси ин мавзуъ зиёда аз 500 нафар рӯзноманигорону намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар ҷалб карда шуданд. Дар воқеъ, “Инъикос кардани мавзӯъҳои экологӣ дар ВАО зарур аст, зеро вазъи саломатӣ, офияти инсон ва ҳолати муҳити зист алоқаи бевосита дорад. Бинобар ин, дар бораи вазъи муҳити зист аз ҷониби аҳолӣ бо эҳсоси баланд чун инстинкти зинда мондан қабул карда мешавад”.
Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологӣ ва боло бурдани маърифатнокии аҳолӣ дар самти истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист се Барномаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки сеюмин Барнома маҳсуб меёбад, нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди тарбия, маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ ба таври равшан нишон дода шудааст. Дар ин хусус дар Барнома таъкид гардидааст, ки: “Вазифаҳои асосие, ки воситаҳои ахбори омма дар низоми маърифат ва тарбияи экологӣ анҷом медиҳанд, ташаккули афкори ҷомеа ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тарбияи фарҳанги экологӣ ва пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ мебошад”.
Дар ин маврид зикр бояд кард, ки Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як иқдоми муҳимму саривақтӣ дар самти ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо, таъсири он ба муҳити зист ва амнияти экологӣ мебошад. Ҳамчунин ин чорабинии илмиву амалии байналмилалӣ дар воситаҳои ахбори омма ва расонаҳои иттилоотии дохиливу байналмилалӣ васеъ инъикос гардид. Ин суханронӣ на танҳо вазъи кунунии пиряхҳоро ба таври муфассал шарҳ доданд, балки пешниҳодҳои мушаххас барои ҳамкории байналмилалӣ ва тадбирҳои амалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо барои оянда пешниҳод намуданд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ қайд намуданд, ки: “Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд дар аксарияти ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд. Бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад. Кишвари мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ҳамчунин, рӯ ба рӯйи офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст”.
Зимни таҳқиқу таҳлили расонаҳои хориҷи кишвар муайян гардид, ки ҷараёни баргузории Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, дар расонаҳои иттилоотии байналмилалӣ, аз ҷумла сомонаҳои “Ал-Ҷазира”, “ИТАР-ТАСС”, “Euronews”, “WMO”, “Iranpress”, “English.news.cn”, “France-Presse”, “Xinhua” ва даҳҳои дигар васеъ инъикос ёфтааст. Ҳамчунин дар ин расонаҳо зикр гардидааст, ки Тоҷикистон бо пешниҳоди эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” дар 21 март, нақши пешсафро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебозад.
Бояд гуфт, ки пешниҳодҳои ироашудаи коршиносону муҳаққиқон ва олимони соҳаҳои мухталифи кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид барои таҳияи стратегияҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист фароҳам меоранд.
Дар ин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо ба як буҳрони экологии глобалӣ табдил ёфтааст. Тибқи арзёбиҳои коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд, ки боиси талафи 600 гигатонна оби ошомиданӣ гардид. Ин раванд ба баландшавии сатҳи уқёнусҳо, обхезиҳо ва муҳоҷирати аҳолӣ сабаб мешавад.
Инчунин дар суханронӣ иброз доштанд, ки “Обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор карда, ба амнияти озуқаворӣ таҳдид ва ба истеҳсоли нерӯи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд дар аксарияти ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд. Бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фуромадани ярч гардида, ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонад”, – зикр намуданд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
“В Таджикистане прошла международная конференция по сохранению ледников” – бо сарлавҳаи зерин дар расонаи (WMO.INT) марбут ба Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (World Meteorological Organization, WMO) маводе ба нашр расидааст. Муҳтавои он чунин аст: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ифтитоҳии худ зикр кард: “Ҳифзи пиряхҳо танҳо вазифаи кишварҳое нест, ки дар ҳудуди онҳо пиряхҳо мавҷуданд. Ин як буҳрони глобалӣ аст ва бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирад”.
Дар сомонаи иттилоотии “English.news.cn” таҳти унвони “Dushanbe hosts high-level international conference on glacier preservation” маводеро нашр кардааст, ки вобаста ба баргузории конфронс ва ҳамчунин суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин қайд мегардад: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ изҳор доштанд, ки натиҷаҳои ин конфронс, аз ҷумла “Эъломияи Конфронси Душанбе” ва “Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”, метавонанд асоси ҳамкории ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо гарданд”.
Дар расонаи “Iranpress.com” зери унвони “Tajik President Urges Effective Collaboration for Glacier’s” матлаби иттилоотиро нашр кардааст, ки маҳз ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт дода шудааст. Чунончи зикр мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам “Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид намуд, ки ҳамкории самараноки байналмилалӣ дар масъалаи ҳифзи табиат барои наслҳои имрӯз ва фардо аҳаммияти муҳим дорад”.
Ҳамчунин расонаи иттилоотии “Euronews” дар гузориши худ, таҳти унвони “Tajikistan’s president calls for global effort to preserve glaciers as melting accelerates” аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шароити кунунӣ бояд пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқоти васеъ қарор гирад. Аз ин рӯ, таъсиси озмоишгоҳи минтақавии тадқиқоти пиряхҳо муҳимму саривақтӣ мебошад. Чунончӣ: “Дар кори аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки як таҳқиқоти васеъ дар бораи пиряхҳои кишвар оғоз шавад ва озмоишгоҳи минтақавии тадқиқоти пиряхҳо таъсис ёбад. Ӯ инчунин пешниҳод кард, ки тадқиқоти асосӣ ба сӯи пиряхи Ванҷях (пештар бо номи пиряхи Федченко машҳур буд) равона гардад – ки он бузургтарин пиряхи континенталӣ дар ҷаҳон аст ва дар 80 соли охир беш аз як километр ақибнишинӣ кардааст.
«Бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар кишвари мо як озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад», – иброз дошт, Президенти кишвар”.
Дар охири Суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иброз доштанд, ки: “Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза, аз ҷумла Эъломияи Конфронси Душанбе ва муроҷиати иштирокдорони Конфронс ҳамчун даъват ба иқдомҳои амалгароёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар равандҳои муҳимми глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат хоҳанд кард. Ҳамчунин, натиҷаҳои нишасти имрӯза ба ташаккули Раванди нави Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо замина мегузоранд.
Мақсади асосии мо ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим тавассути талошҳои муассири муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манфиати наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Ҳар зарраи талафшудаи пиряхҳо боиси афзоиши хатарҳо барои ояндаи инсоният мегардад. Бинобар ин, биёед ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, ҷиҳати ҳифзи ганҷи бебаҳои табиат – пиряхҳо, барои таъмини ояндаи дурахшони инсоният саҳмгузор бошем! Умед дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об беш аз пеш талош хоҳад кард”.
Баррасии ахбори нашршуда дар ВАО-и бонуфузи байналмилалӣ ва хориҷ нишон медиҳад, ки суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври васеъ инъикос ёфтаанд. Суханронии Сарвари давлат, асосан дар ин конфронс дар се самти муҳимми зерин таҷассум ёфта буд:
– Огоҳсозии ҷаҳонӣ оид ба вазъияти нигаронкунандаи пиряхҳо ва оқибатҳои нобудшавии онҳо;
– Зарурати таҳким бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳқиқот, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;
– Пешниҳоду ташаббусҳои мушаххас, аз ҷумла эълон намудани “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034” ва ҳамчунин таъсиси “Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” маънидод кард.
Бовар дорем, ки баъд аз баррасии омилҳои обшавии босуръати пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин масоили мубрам ҳамкориҳо рушду таҳим бахшида, дар пешгирии хавфи нобудҳӯшавии пиряхҳо дар сртосари олам саҳмгузориву мусоидат менамоянд.
Шарипов Сангимурод,
мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи
Носири Хусрав,
Қурбонов Акмал,
докторант PhD-и курси дуюми кафедраи
рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи
Носири Хусрав,
Қурбонов Акмал,
докторант PhD-и курси дуюми кафедраи
рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав