Имрӯз дар ҷаласаи васеи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ муҳокимаи пешакии рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Муҳаммадзода Бобоҷон Муҳаммад дар мавзуи “ТАЪРИХИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ИМПЕРИЯИ ҲАХОМАНИШИЁН”, ки зери роҳбарии д.и.т., профессор Расулиён Қаҳор Расул омода гардидааст баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Шурои олимони факултет дотсент Баҳодуров Б.Ф., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т. Мирзоев Ғ., аъзоёни Шӯро, профессор Гадозода А., дотсентон Баротов М., Садриддини А., Ҷалилов М., н.и.т. Қурбонов М., сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент Нориён Ф. ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур рҳбари илмии довталаби унвон Расулиён Қ.Р. низ иштирок доштанд.
Ҷаласаро мудири кафедра н.и.т. Мирзоев Ғ. оғоз намуда, баъди шунидани натиҷаи рисолаи илмии унвонҷӯ баромади ӯ ба муҳокимаи умумӣ гузошта шуд.
Нахуст рҳбари илмии ӯ профессор Расулиён Қаҳор баромад намуда, андешаҳои худро перомуни мавзуи муҳокимашаванда баён намуданд.
Сипас профессор Гадозода А., н.и.т. Мирзоев Ғ. ва дигарон ақидаҳои худро дар бораи мубрамият ва илмияти рисолаи муҳокимашаванда баён намуда, мавзӯи пешниҳодшударо баҳои баланд доданд.
Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур тули қариб як моҳ аз ҷониби устодони кафедра ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда буд.
Ҷаласа кори илмии пешниҳодшударо мусбӣ баҳо дода, рисоларо барои ҳимоя ба Шурои диссертатсионӣ тавсия дод.