Китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби муҳаққиқону донишмандони ватаниву хориҷӣ ҳамчун сарчашмаи худшиносиву худогоҳии миллӣ, равшанкунандаи саҳифаҳои таърихи мардуми Осиёи Марказӣ, василаи таҳкимбахши ваҳдату дӯстӣ миёни қавму қабила ва миллатҳоигуногун пазируфта шудааст. Дар ин шоҳасари донишманди замон дар баробари таъриху забон, илму адаб, фарҳангу расму оин, фазилатҳои миллати ориёӣ, ҳамчунин сохти давлатдорӣ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, сабабу омилҳои пошхӯрии давлатҳо ба таври илмӣ ва воқеӣ дарҷ ёфтааст.
Нашру интишори китоби мазкур дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он ба шинохти дурусти мавқеи миллати тоҷик дар байни дигар қавму миллатҳо мусоидат намуд. Б. Ғафуров бо таълиф ва нашри китоби худ тавонист, кимиллати тоҷикро ба ҷаҳониён, ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ дар ин китоб дар баробари таърихи пурифтихорамон саргузашти дигар қавму миллатҳои Осиёи Марказиро низ муаррифӣ кардааст.
Хушбахтона, китоби мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр ва дастраси ҳар оилаи тоҷик гардид. Дар пешгуфтори китоб Сарвари давлат қайд намуданд, ки: “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд”.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз нашру дастрас гардидани китоби “Тоҷикон” ба ҳар оила мутоилаи он аз ҷониби сокинони кишвар бештар гардидааст. Бардошт аз китоб дар тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдату Истиқлолияти Ватан ва шинохти дурусти таърихи гузаштаамон мусоидатмекунад.
Бояд зикр кард, ки китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров аввалан бо забони русӣ ва сипас бо забони тоҷикӣ чопу интишор шудааст. Дар чопи он бисёр шахсиятҳои фарҳехтаи тоҷик, чун устод С. Айнӣ., М. Шакурӣ., М. Осимӣ нақши калон доранд, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ба миллату Ватан мебошад. Дар китоби “Тоҷикон”, ки он манбаи дониш дар бораи таърихи халқи тоҷик аст, бисёр ҳодисаҳои таърихӣ воқеӣ баён шудаанд. Устод Б. Ғафуров ҳангоми таҳияи он сарчашмаҳои зиёдро мутолиа ва маърифат намуда, бисёр ҳодисаву воқеаҳои баҳсталаби таърихиро равшанӣ андохтааст.
Дар ҳақиқат, мутолиаи китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров бори дигар ҳар кадоми моро, хосса насли наврасу ҷавонро бо таърихи пурифтихори миллатамон ошно менамояд. Он моро ба худшиносиву худогоҳӣ водор намуда, сидқан дӯст доштани миллати хешро талқин мекунад.
Сангимурод Шарипов,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав