Имрӯз Ашурова Шаҳло Кулобиевна, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Асосҳои методологии ташаккули салоҳияти ба коммуникативии касбӣ нигаронидашудаи донишҷӯёни донишгоҳҳои ғайризабонӣ ҳангоми омӯзиши забони русӣ» доир намуд.
Автореферати диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (илмҳои педагогӣ) (13.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) пешбинӣ гардидааст.

