-зери ин унвон имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкурро Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ифтитоҳ намуд.
Сипас, Сафарализода Хуҷамурод, доктори илмҳои сиёсӣ, декани факултети фалсафаи ДМТ дар мавзуи “Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тавсеаи набардҳои геополетикӣ”, Саидов Алихон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Эҳёи фарҳанги миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ”, Ҳомидов Расул, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Экстремизм ва терроризм- падидаҳои номатлуби ҷомеа” ва Баҳодуров Беҳруз, номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти иттилоотииҶумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.



