Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявт саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи омӯзгор